ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 3, аз 30.07.2007 № 315)
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 3, аз 30.07.2007 № 315)
Ин Қонун муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали ҳимояи ҳуқуқҳо, манфиату амволи иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, таъмин менамояд, барои якҷояшавии (интегратсияи) иқтисодиёти ҷумҳури бо низоми ҷаҳонии иқтисоди заминаи ҳуқуқи фароҳам меорад .
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Фаъолияти иқтисодии хориҷи
Фаъолияти иқтисодии хориҷи маҷмӯи амалҳои воқеии мақомоти давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, фирмаю корхонаҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳҳоми, консерну корхонаҳои муштарак, соҳибкоронро, ки минбаъд шахсони ҳуқуқию воқеи номида мешаванд дар бар мегирад ва мақсад аз ин амалҳо барпо намудан, ва рушди ҳамкории муфид бо давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналмилали мебошад .
Моддаи 2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи иқтисодиёти хориҷи, қонунан танзим мекунад;
сиёсати иқтисодии хориҷи, аз ҷумла арзию кредити, тартиби квотаю литсензиякунони, инчунин дигар муомилоти иқтисодии хориҷиро таҳия ва татбиқ менамояд;
созишномаҳои байнидавлати ва аҳдномаҳои байналмилалиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи ва тиҷорати хориҷи имзо ва иҷро мекунад ;
манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз марзи он ҳимоя менамояд ;
кафолатҳои ҳуқуқиро барои фаъолияти инвесторони (маблағгузорони) хориҷи дар қаламрави ҷумҳури муқаррар мекунад;
...