ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 201, аз 28.03.2011 № 738)
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 201, аз 28.03.2011 № 738)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шаҳрвандон ва ҳамчунин чораҳои аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ кардани онҳоро муайян карда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани хоҷагии ёрирасони шахсӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, кафолат медиҳад .
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии ёрирасони шахсӣ
1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад.
2. Фаъолияти шаҳрвандон дар бобати пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад.
3. Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бар дӯши шаҳрванд ё аъзои оилаи ӯ мебошад.
4. Аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, падару модар ва хешовандони дигаре, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, шуда метавонанд.
...