ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 675: с. 2006, №7, мод. 349) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот", калимаҳои "мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 4 моддаи 6 ва тамоми матни Қонун калимаи "оиди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад.
3., Дар қисми 7 моддаи 7;
- дар сархати дуюм калимаи "инженерию" ба калимаи "муҳандисию" иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаи "кредит" б а калимаи "қарз" иваз карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 8 ва тамоми матни Қонун калимаҳои "амвол", "амволро", "амволӣ", "ғайриамволӣ", "амволи", "АМВОЛИ", "Амволи", "амволе" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулк", "молу мулкро", "молумулкӣ", "ғайримолумулкӣ", "молу мулки", "МОЛУ МУЛКИ", "Молу мулки", "молу мулке" иваз карда шаванд.
5. Дар сархати ҳафтуми моддаи 9 калимаи "маҳаллӣ" ва дар матни моддаи 15 калимаҳои "маҳаллӣ (ҷамоат)" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
6. Дар сархати чоруми моддаи 10 калимаҳои "дар мактабҳои ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ" ба калимаҳои "дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 17:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "мақомоти" калимаҳои "иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" илова карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода шавад:
"2. Дар сурати қатъи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар асоси ҳалномаи суд ё қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ онҳо ӯҳдадоранд чунин ҳалнома ё қарорро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии ёрирасони шахсӣ фиристонанд.".
...