×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 № 47 "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ"

Санаи амалкуни: 28.06.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1891 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 201, аз 28.03.2011 № 738)

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 201, аз 28.03.2011 № 738)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шаҳрвандон ва ҳамчунин чораҳои аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ кардани онҳоро муайян карда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани хоҷагии ёрирасони шахсӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 201).

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад.

2. Фаъолияти шаҳрвандон дар бобати пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад.

3. Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бар дӯши шаҳрванд ё аъзои оилаи ӯ мебошад.

4. Аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, падару модар ва хешовандони дигаре, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, шуда метавонанд.

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 19.07.2022 №1891

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О личном подсобном хозяйстве

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

(в редакции Закона РТ от 28.07.2006г.№201, от 28.06.2011г. №738)

(в редакции Закона РТ от 28.07.2006г.№201, от 28.06.2011г. №738)

Статья 1. Цель настоящего Закона

Настоящий Закон определяет правовые основы организации и ведения гражданами личного подсобного хозяйства, а также меры их поддержки соответствующими органами государственной власти и гарантирует гражданам Республики Таджикистан право на организацию личных подсобных хозяйств, их хозяйственную самостоятельность, защиту прав и законных интересов граждан, осуществляющих ведение личного подсобного хозяйства(в редакции Закона РТ от 28.07.2006г.№201).

Статья 2. Законодательство о личном подсобном хозяйстве

Законодательство Республики Таджикистан о личном подсобном хозяйстве основывается на Конституции Республики Таджикистан, и состоит из настоящего Закона, иных нормативно-правовых актов, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

Статья 3. Понятие личного подсобного хозяйства

1. Личное подсобное хозяйство - хозяйство, ведение которого осуществляется личным трудом гражданина или членов его семьи в целях производства сельскохозяйственной продукции и удовлетворения своих потребностей в продовольствии и иных нужд.

2. Деятельность граждан по ведению личного подсобного хозяйства не относится к предпринимательской деятельности.

3. Ведение личного подсобного хозяйства могут осуществлять гражданин или члены его семьи.

4. Членами личного подсобного хозяйства являются супруги, дети, усыновленные, родители и другие, совместно проживающие родственники.

...