Тартиби Хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72

Санаи амалкуни: 04.03.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2001 № 72

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2001 № 72

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 105, аз 02.03.2013 № 105)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 105, аз 02.03.2013 № 105)

1. Дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси мансабдоре хизмат расонида мешавад, ки Номгӯи онҳоро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Хизматрасонӣ бақайдгирии билети тайёра, бағоҷи шахсӣ ва бори дастӣ, инчунин дигар хизматрасониҳои пулакӣ дар толор ва назорати гумрукиро дар бар мегирад.

3. Ворид шудани ашхоси дар Номгӯй зикргардида ва ашхоси пешвозгирандаю гуселкунанда ба толори ҳайатҳои расмӣ, даромадани нақлиёти автомобилӣ ба қаламрави ҳамҳудуди он танҳо бо нишон додани шаҳодатномаи шахсӣ ва рухсатномам махсус, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, сурат мегирад.

4. Ҳифзи бинои толори ҳайатҳои расмӣ ва қаламрави ҳамҳудуди он ба ӯҳдаи хадамоти дахлдори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105).

5. Барои пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ хадамоти истеҳсолию тиҷоратии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" даромадан ва баромадани ҳайатҳоро дар асоси дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 105).

6. Пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ аз ҷониби вазорату идораҳо тавассути толори ҳайатҳои расмии фурудгоҳи Душанбе бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

7. Ҳангоми пешвоз ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавӣ ба ҳудуди фурудгоҳ танҳо ба автомашинаҳои ашхоси расмии дар Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 733 "Дар бораи тасдиқи Муқаррароти асосии амалияи ягонаи протоколӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)" тасдиқ гардидааст ва ба хизматчиёни муҳофиз иҷозат дода мешавад.

...

УТВЕРЖДЕН

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "12" февраля 2001 года №72

УТВЕРЖДЕН

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "12" февраля 2001 года №72

Порядок обслуживания в залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 04.03.2002г.N105,от 02.03.2013г. № 105 )

(в редакции Постановления Правительства РТ от 04.03.2002г.N105,от 02.03.2013г. № 105 )

1. В залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан обслуживаются должностные лица. Перечень, которых утверждается Правительством Республики Таджикистан.

2. Обслуживание включает в себя регистрацию авиабилетов, личного багажа и ручной клади, а также оказание других платных услуг в зале и таможенный контроль.

3. Вход лиц, указанных в Перечне, и лиц, их провожающих или встречающих, в чал официальных делегаций и въезд автотранспорта на территорию, прилегающую к нему, осуществляется только по предъявлению Удостоверении личности и специальных пропусков, выдаваемых Руководителем исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан.

4. Охрана здания зала официальных делегаций и прилегающей к ней территории возлагаются на соответствующие службы Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан. Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и Международный аэропорт Душанбе", ОАО "Международный аэропорт Худжанд", ОАО "Международный аэропорт Курган-тюбе" и ОАО "Международный аэропорт Куляб (в редакции постановления Правительства РТ от 02.03.2013г. № 105).

5. Для встречи и проводов гостей, официальных делегаций производственно-коммерческая служба Государственной авиакомпании Республики Таджикистан "Точикистон" обеспечивает въезд и выезд делегаций по заявке Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и хозяйственного управления исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 02.03.2013г. № 105 ).

6. Встречи и проводы гостей, официальных делегаций министерствами и ведомствами через зал официальных делегаций аэропорта Душанбе осуществляется по согласованию с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан.

7. При встрече и проводах гостей, официальных делегаций Президента Республики Таджикистан. Председателей Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Премьер-министра Республики Таджикистан въезд на территорию аэропорта разрешается только автомашинам официальных лиц, установленным Государственным протоколом Республики Таджикистан, утвержденным Указом Президента Республики Таджикистан от 4 июня 1997 года № 733 "Об утверждении Основных положений единой протокольной практики Республики Таджикистан Государственный Протокол Республики Таджикистан и служащим охраны.

...