Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 105 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашудаи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои давлатҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматдошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

а) дар банди 4 калимаҳои "Вазорати амнияти" ба "Кумитаи давлатии амнияти миллии" иваз карда шавад;

б) дар бандҳои 4 ва 5 калимаҳои "Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" иваз карда шаванд;

в) дар банди 5 баъд аз калимаи "Идораи" калимаи "молиявию" хориҷ карда шавад.

2. Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

3. Ба Рӯйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешавад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

а) дар сархати ҳаштум калимаҳои "Сафирони давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд" ба калимаҳои "Сафирони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси принсипи мутақобила, инчунин сафирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ. Татбиқи принсипи мутақобилаи хизматрасонӣ ба сафирони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисхон амалӣ мегардад" иваз карда шавад;

б) дар сархати ёздаҳум калимаҳои "бо дархостҳои Роҳбарони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "бо дархости Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2001 года, № 72

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях повышения эффективности и качества обслуживания дипломатических представительств и приравненных к ним международных организаций, находящихся в Республике Таджикистан, а также иностранных официальных делегаций, находящихся в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Порядок обслуживания в залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2001 года, №72, следующие изменения и дополнения:

а) в пункте 4 слова "Министерства безопасности" заменить словами "Государственного комитета национальной безопасности";

б) в пунктах 4 и 5 слова "Государственной авиакомпании Республики Таджикистан "Точикистон" заменить словами ОАО "Международный аэропорт Душанбе", ОАО "Международный аэропорт Худжанд", ОАО "Международный аэропорт Курган-тюбе" и ОАО "Международный аэропорт Куляб";

в) из пункта 5 исключить слово "Финансово-".

2. Перечень должностных лиц, за обслуживание которых в залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан не взимается плата, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2001 года, №72, изложить в новой редакции (прилагается).

3. Внести в Список должностных лиц, за обслуживание которых в залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан не взимается плата, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2001 года, №72, следующие изменения и дополнения:

а) в восьмом абзаце слова "Послы иностранных государств, аккредитованные в Республике Таджикистан" заменить словами "Послы иностранных государств, аккредитованные в Республике Таджикистан и члены их семей, на основе принципа взаимности, а также послы, руководители дипломатических представительств Республики Таджикистан в иностранных государствах и международных организациях. Реализация принципа взаимности обслуживания послов иностранных государств, аккредитованных в Республике Таджикистан и членов их семей осуществляется по заявке Министерства иностранных дел Республики Таджикистан";

б) в одиннадцатом абзаце слова "по заявке Руководителей аппаратов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан и начальника финансово-хозяйственного управления исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан" заменить словами "по заявкам Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, руководителей аппаратов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан".

4. Контроль за исполнением указанного постановления возложить на Исполнительный аппарат Президента Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

Председатель

...