Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 227

Санаи амалкуни: 31.07.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 227

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 227

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 534, аз 01.08.2012 № 397, аз 13.09.2012 № 489, аз 30.12.2015 № 820, аз 3.11.2018 № 537, аз 31.07.2019 № 389, аз 31.07.2023 № 352)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 534, аз 01.08.2012 № 397, аз 13.09.2012 № 489, аз 30.12.2015 № 820, аз 3.11.2018 № 537, аз 31.07.2019 № 389, аз 31.07.2023 № 352)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қать намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).

2) Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).

3) Хадамот вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо бевосита ва тариқи мақомоти маҳаллии худ амалӣ менамояд.

4) Хадамот фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳотро оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад.

2. Вазифаҳо

...

Приложение I

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "3" мая 2010 года №227

Приложение I

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "3" мая 2010 года №227

ПОЛОЖЕНИЕ об Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постеновления Правительства РТ от 2.10.2010г.№534, от 01.08.2012г.№397, от 13.09.2012г.№489, от 30.12.2015г.№820, от 03.11.2018г.№537, от 31.07.2019г.№389, от 31.07.2023 №352)

(в редакции Постеновления Правительства РТ от 2.10.2010г.№534, от 01.08.2012г.№397, от 13.09.2012г.№489, от 30.12.2015г.№820, от 03.11.2018г.№537, от 31.07.2019г.№389, от 31.07.2023 №352)

1. Общие положения

1) Антимонопольная служба при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Служба) является уполномоченным органом исполнительной власти, осуществляющим единую государственную политику в области защиты и развития конкуренции, предупреждения, ограничения и пресечения монополистической деятельности, государственного регулирования и контроля в сфере деятельности субъектов естественной монополии, защиты прав потребителей и контроля за рекламной деятельностью.

2) Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О защите конкуренции",  Законом Республики Таджикистан "О естественных монополиях", Законом Республики Таджикистан "О защите прав потребителей", Законом Республики Таджикистан "О рекламе" и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными нормативными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением (в редакции постановления Правительства РТ от 03.11.2018г.№537).

3) Служба решает возложенные на неё задачи непосредственно и через её местные органы.

4) Служба координирует деятельность органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления поселка и села, общественных объединений и иных организаций по вопросам антимонопольной политики, защиты и развития конкуренции, защиты прав потребителей и контроля за рекламной деятельностью.

2. Задачи

...