ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РАҚОБАТ ВА МАҲДУДКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ДАР БОЗОРҲОИ МОЛ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.346; с.2008, №10, мод.811; с.2012, №12, қ.1, мод.1007)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 430, аз 28.12.2012 № 913, аз 18.03.2015 № 1195)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Қонуни мазкур асосҳои ташкиливу ҳуқуқии маҳдудкунӣ ва қатъ кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаро муайян намуда, барои барпо намудан ва самарабахш амал кардани бозорҳои мол шароит муҳайё менамояд.
Моддаи 2. Доираи татбиқи Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки ба рақобат дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок мекунанд. Қонун инчунин дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномаҳои аз тарафи шахсони мазкур ва мақомоти номбаршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан содир ё басташуда боиси маҳдудияти рақобат мешаванд ва ё шуда метавонанд, ё худ дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дигар оқибатҳои манфӣ мешаванд.
Қонуни мазкур ба муносибатҳои вобаста ба объектҳое, ки ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ алоқаманд мебошанд, паҳн намегардад, ғайр аз ҳолатҳое, ки созишномаҳои ба истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.
Муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаи бозорҳои хизматрасонии молиявӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки муносибатҳои дар ин бозорҳо пайдошаванда ва рақобати бозорҳои мол таъсир мерасонанд, бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
...