ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РАҚОБАТ ВА МАҲДУДКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ДАР БОЗОРҲОИ МОЛ"
Моддаи 1. Ба моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод.346; с. 2008, №10, мод.811) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюм калимаҳои "панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро" ба калимаҳои "аз сию панҷ фоиз зиёдро" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми сеюм калимаҳои "аз панҷоҳ" ба калимаҳои "аз сию панҷ" ва калимаҳои "аз сию панҷ" ба калимаҳои "аз бисту панҷ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2012, № 913
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2012, № 913
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...