Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 227
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 227 "Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 4) калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;
- дар зербанди банди 4) рақами "5" ба рақами "3" иваз карда шавад;
- дар банди 5) калимаи "зиддимонополӣ" ба калимаи "зиддиинҳисорӣ" иваз карда шавад.
2. Ба замимаи 1 "Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №227 "Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
- дар банди 1) калимаи "монополияҳои" ба калимаи "инҳисороти" иваз карда шавад;
- аз банди 2) калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ ва калимаҳои "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" ва "монополияҳои" мувофиқан ба калимаҳои "Дар бораи ҳимояи рақобат" ва "инҳисороти" иваз карда шаванд;
- дар номи боби 2 ва банди 5) калимаҳои "Ваколатҳо" ва "ваколатҳои" мувофиқан ба калимаҳои "Вазифаҳо" ва "вазифаҳои" нваз карда шаванд;
- дар сархатҳои якум, сеюм, чорум, нуҳум, дувоздаҳум, сездаҳум, чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум, нуздаҳум, бистум, бистуякум, бистудуюм, бистусеюм, биступанҷум, бистушашум, бистуҳафтум, бистуҳаштум, сиюм, сивуякум, сивудуюм, сивусеюм, сивучорум ва сивуҳафтуми банди 5) калимаҳои "монополияҳои" ва "монополияи" мувофиқан ба калимаҳои "инҳисороти" ва "инҳисории" иваз карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳуми банди 5) калимаҳои "дар соҳаи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" ва "амрияҳо" мувофиқан ба калимаҳои "дар бораи ҳимояи рақобат" ва "амрномаҳо" иваз карда шаванд;
...