ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 630, аз 22.07.2013 № 996)
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 630, аз 22.07.2013 № 996)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкили, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пешбурди баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои танзимкунандаро барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии омори расмӣ ва паҳн намудани маълумоти омори давлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷомеаро ба иттилооти омории пурра, эътимоднок, илман асоснок ва саривақтӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад, муайян менамояд.
2. Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, татбиқ мегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- омор - маҷмӯи маълумоти миқдорӣ оид ба ҷамъи зуҳурот ё равандҳо;
- омори давлатӣ - низоми ягонаи омории иттилооти давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ташаккул меёбад;
- низоми омори давлатӣ - қисми асосии таркибии низоми иттилооти давлатӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи маълумоти омории аввалия, ҷамъбастшуда ва маъмуриро ифода менамояд;
- омори расмӣ - маълумоти аз воҳидҳои омори ҷамъоварӣ ва коркардшуда, ки тавсифҳои зуҳуроти ба амаломадаро дар маҷмӯи дахлдор нишон медиҳад;
...