ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №1, мод.12; №7, мод.562) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар муқадимаи Қонун калимаҳои "пеш бурдани" ба калимаи "пешбурди" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати шашум калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти давлатие" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "ва дигар ҷараёнҳои ҷамъиятӣ" ба калимаҳои "ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ" иваз карда шаванд;
- ба сархати чордаҳум баъди калимаи "махзани" калимаи "ҷамъбастии" илова карда, калимаи "ҳисобкардашудаи" хориҷ ва калимаи "феҳрист" ба калимаи "регистр" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаи "муҳофизати" ба калимаи "ҳифзи" иваз карда шавад;
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- барӯйхатгирӣ - яке аз усулҳои мушоҳидаи баҳисобгирии сартосарии воҳидҳои оморӣ, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақту замони муайян гузаронида мешавад;".
4. Ба қисми 1 моддаи 6 пас аз калимаҳои "мебошад, ки" калимаи "ташкил," илова карда, калимаи "менамоянд" ба калимаи "менамояд" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 7:
- дар сархати панҷум калимаи "намояд," ба калимаи "намуда," иваз карда шавад;
...