ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2009, № 7-8, мод. 503; с. 2012, №4, мод. 277, №8, мод. 833; с. 2015, №11, мод. 964; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 288)
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 827, аз 01.08.2012 № 899, аз 23.11.2015 № 1243, аз 30.05.2017 № 1431, аз 4.04.2019 № 1598)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии онро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- шаҳрак ва деҳот - воҳиди маъмурию ҳудудӣ мебошад, ки дар ҳудуди он худидоракунӣ бевосита ва ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ мешавад ;
- худидоракунии шаҳрак ва деҳот - фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳти масъулияти худ барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта, бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ, амалӣ мегардад;
- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - Ҷамоат (Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот) мебошад, ки аз ҷониби интихобкунандагони шаҳрак ва деҳот интихоб шуда, масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи ваколатҳои худ ҳал мекунад ;
- маҷлиси Ҷамоат - шакли асосии фаъолияти Ҷамоат буда, дар он масъалаҳои ваколати Ҷамоат баррасӣ мешаванд ;
- Шӯрои Ҷамоат - мақомоти коллегиалии Ҷамоат буда, ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро амалӣ менамояд;
- раиси Ҷамоат - роҳбари мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот буда, аз тарафи вакилони Ҷамоат интихоб мешавад;
...