ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 7-8, мод. 503) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи "салоҳияти" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад.
3. Дар номи боби 2 калимаи "САЛОҲИЯТ" ба калимаи "ВАКОЛАТҲО" иваз карда шавад.
4. Дар қисми 7 моддаи 8, сархати панҷуми моддаи 10, сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 17, ном ва қисми 1 моддаи 30, қисми 2 моддаи 32, қисми 1 моддаи 34 калимаҳои "таъйини", "таъйин", "Таъйини" мутаносибан ба калимаҳои "таъини", "таъин", "Таъини" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "ташкилоту муассисаҳо" ба калимаи "ташкилотҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои "тасдиқ ва" ба калимаҳои "тасдиқ ё" иваз карда шаванд.".
6. Дар моддаи 11:
- дар номи модда калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаҳои "корхонаҳои хурд" ба калимаҳои "корхонаҳои коммуналӣ ва дигар корхонаҳо" иваз карда шаванд.
7. Дар ном ва матни моддаи 12 калимаи "Салоҳияти" ба калимаи "Ваколатҳои" ва калимаҳои "салоҳиятҳои", "салоҳияти" ба калимаи "ваколатҳои" иваз карда шаванд.
...