Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 369
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 623)
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9) Майдонҳои ояндадори нафту гази "Саргазон" дар ноҳияи Данғара, "Рангон" дар ноҳияи Рӯдакӣ, "Сариқамиш" дар ноҳияи Шаҳринав ва "Шоҳамбарии ғарбӣ" дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон".
2. Номгӯи молҳое, ки барои омӯзиши геологии қаъри замин дар майдонҳои ояндадори нафту гази мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ карда шавад.
3. Қарори мазкур аз 30 майи соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2009 № 333
ш. Душанбе
* Замима ба заб. русӣ оварда шудааст