ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828; с.2012, №12, қ.1, мод.1006; с.2015, №11, мод.972; с.2016, №5, мод.370; с.2019, №1, мод.33, №7, мод.475)
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 669, аз 28.12.2012 № 912, аз 23.11.2015 № 1251, аз 14.05.2016 № 1319, аз 2.01.2019 № 1586, аз 19.07.2019 № 1646, аз 2.01.2020 № 1681, аз 15.03.2023 № 1952, аз 14.05.2025 № 2179)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти онҳо, бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, пешбурд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
2. Амали Қонуни мазкур нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки шахси ҳуқуқӣ буда, тартиби таъсис додан ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, татбиқ намегардад.
3. Тартиби бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ().
4. Хусусияти бақайдгирии давлатӣ вобаста ба шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ, амалиётҳо бо асъори хориҷӣ, фаъолияти оператори низоми пардохт ва суғуртавӣ анҷом медиҳанд, бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад № 2179.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - бақайдгирии давлатӣ) - амали мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ) дар хусуси ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо (минбаъд - соҳибкорони инфиродӣ), таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- бақайдгирии электронӣ – пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби аризадиҳанда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолият, ки дар натиҷаи он аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ дар шакли электронӣ дода мешавад № 2179;
...