Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 669 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2:

- ба сархати сеюм дар қавсайн баъд аз калимаҳои "шахси ҳуқуқии хориҷӣ" калимаҳои ", ва (ё) иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ" илова карда шуда, калимаҳои "таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ" ба калимаҳои "таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳй ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, оғозёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, таъсисёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаҳои "рақами ягонаи андозсупоранда" ба калимаҳои "рақами мушаххаси андозсупоранда" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 4:

- дар ҷумлаи якуми банди 2) қисми 2 калимаҳои "ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳад" ба калимаҳои "дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди баҳисобгирии андоз, омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатиро медиҳад" иваз карда шаванд;

- ҷумлаи дуюми банди 3) қисми 2 хориҷ карда шавад;

- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ:

1) пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то се рӯзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рӯзи корӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;

2) пас аз иҷрои амалҳои дар банди 1) қисми мазкур пешбинишуда, ин маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирӣ ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мефиристанд ва ба мақомоти номбаршуда дастрасии онро таъмин менамоянд.";

- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4. Мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз рӯи маълумоти гирифташуда дар муддати на дертар аз як рӯзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро анҷом дода, маълумотро доир ба шахси мазкур (бо тасдиқи ба қайди дохилӣ гирифтан) дар шакли электронӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бозпас мефиристанд.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей"(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., № 5, ст. 316) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце третьем статьи 2 после слов "иностранного юридического лица"дополнить словами ", и (или) выписка из Единого государственного реестра", слова "создания юридического лица, государственной регистрации индивидуального предпринимателя, филиала или представительства иностранного юридического лица" заменить словами "создания, реорганизации или ликвидации юридического лица, начала или прекращения деятельности физического лица в качестве индивидуального предпринимателя, создания и прекращения деятельности филиала или представительства иностранного юридического лица".

2. В статье 4:

- в предложении первом пункта 2) части 2 слова "и выдает документ, подтверждающий государственную регистрацию"заменить словами "и в случаях, предусмотренных настоящим Законом, выдает документ, подтверждающий государственную регистрацию, а также документы, подтверждающие учетную налоговую, статистическую и государственную социальную страховую регистрацию";

- предложение второе пункта 3) части 2 исключить;

- часть 3 изложить в следующей редакции:

"3. Орган, осуществляющий государственную регистрацию:

1) после принятия учредительных документов вносит сведения в Единый государственный реестр до трех рабочих дней в отношении юридических лиц, филиалов или представительств иностранных юридических лиц, в течение одного рабочего дня в отношении индивидуальных предпринимателей;

2) после осуществления предусмотренных в пункте 1) настоящей части действий, отправляет эти сведения в электронном виде в государственный орган статистики и орган государственного социального страхования для проведения внутреннего регистрационного учета, а также обеспечивает их доступность для вышеуказанных органов.";

- часть 4 изложить в следующей редакции:

"4. Государственные органы статистики и государственного социального страхования по полученным сведениям не позднее одного рабочего дня проводят внутренний регистрационный учет юридического лица, филиала или представительства иностранного юридического лица, индивидуального предпринимателя, а затем обратно направляют сведения об этом лице (с подтверждением проведения внутреннего учета) в электронном виде в орган, осуществляющий государственную регистрацию.".

3. В части 2 статьи 8:

- в пункте 1) после слова "отчество"дополнить словами "и пол";

...