ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 1 калимаҳои "ва динӣ" ба калимаҳои ", инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 4 қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10. Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
3. Дар моддаи 6:
- ба номи модда пас аз калимаҳои "Боҷи давлатӣ" калимаҳои "ва пардохт" илова карда шаванд;
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, ба модда қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Барои нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи мазкур ё додани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоби мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маблағ пардохт карда мешавад.".
4. Дар моддаи 11:
- ба қисми 1 банди 9) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда.";
- дар банди 8) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- дар қисмҳои 5 ва 6 рақами "5)" ба рақами "6)" иваз карда шавад.
...