Низомномаи Шӯрои назоратии Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аз 20 феврали соли 2009, № 106

Санаи амалкуни: 14.10.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 647 аз эътибор соқит дониста шуд. 

Дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 октябри соли 2014, № 650

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 октябри соли 2014, № 650

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ро (минбаъд - Шӯрои нозирон), инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои Шӯрои нозиронро муайян месозад.

2. Шӯрои нозирон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" таъсис дода мешавад. Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ҳамчун мақоми идоракунии давлатӣ фаъолияти самараноки молиявию хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ро (минбаъд - Корхона) танзим менамояд.

3. Дар фаъолияти худ Шӯрои нозирон санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Корхона ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШӯРОИ НОЗИРОН

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои нозиронро таъсис медиҳад ва Низомномаву ҳайати онро тасдиқ менамояд.

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз" 20" феврали соли 2009

№106 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Шӯрои назоратии Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои назоратии Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" (минбаъд - Шӯрои назоратӣ) ҳамчун мақоми идории давлатӣ фаъолияти самараноки Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" (минбаъд - КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик")-ро дар соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, ҳисобот, ҳифзи муҳити зист (экологӣ) ва ҳамкориҳои байналмилалӣ танзим менамояд.

2. Мақсади таъсиси Шӯрои назоратӣ аз татбиқи чораҳои марбут ба ҳифзи манфиатҳои истеҳсолгари азими ватании алюминий ва маҳсулоти тайёр аз он, ташкили назорати равандҳои идоракунӣ, додани тавсияҳои методӣ ва расонидани кӯмакҳои амалӣ дар самти идоракунӣ, самаранок истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолӣ, азхудкунӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ то расонидани он ба маҳсулоти тайёри алюминий, ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалии экологӣ ва воридоту содирот, ки ба фаъолияти ширкат шаффофияти молиявӣ, эътимоднокии экологӣ ва натиҷаҳои мусбии иқтисодию молиявӣ меоваранд, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

2. Тартиби таъсиси Шӯрои назоратӣ

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои назоратиро таъсис медиҳад ва Низомномаву ҳайати онро тасдиқ менамояд.

4. Директори идоракунандаи КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" узви доимоамалкунандаи Шӯрои назоратӣ интихоб гардида, ҳамчун Раиси он интихоб шуда наметавонад.

5. Аъзои Шӯрои назоратӣ, ба истиснои намояндагони КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик", ҳуқуқ надоранд, ки бо КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта бошанд.

3. Ваколат ва вазифаҳои Шӯрои назоратӣ

6. Шӯрои назоратӣ фаъолияти идории давлатии КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ро танзим ва назорат менамояд. Вазифаи Шӯрои назоратӣ ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти роҳбарии Директори идоракунанда ва менеҷменти КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" мебошад.

7. Шӯрои назоратӣ муайян менамояд:

1) самти стратегии фаъолияти корхона;

2) сиёсати инвеститсионии корхона;

3) принсип ва усулҳои идораи корпоративии корхона;

4)ҳудудҳои ҳамкории тарафайн бо давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ба таҳвил ва таъмини корхона бо ашёи хоми стратегӣ, таҷҳизот, нерӯи барқ ва монанди онҳо машғуланд.

8. Ба Директори идоракунандаи КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик", яке аз аъзо, ё директорони соҳавии ширкат додани ваколатҳои Шӯрои назоратӣ манъ мебошад.

4. Тартиби фаъолияти Шӯрои назоратӣ

9. Ҷаласаҳои Шӯрои назоратӣ аз ҷониби Раиси он, ё шахси ваколатдори узви Шӯрои назоратӣ (бо розигии Раис), на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват карда мешаванд.

Ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои назоратӣ бо қарори Раиси он, ё бо талаби хаттии аксарияти аъзои Шӯрои назоратӣ гузаронида мешаванд.

10. Ҷаласаҳои Шӯрои назоратӣ аз ҷониби Раис ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ аз ҷониби муовини он, ё узви Шӯрои назоратӣ, ки онро бо фармоиши хаттии дахлдор Раис ваколатдор намудааст, гузаронида мешаванд.

11. Шӯрои назоратӣ дар сурати иштироки аз 3/2 ҳиссаи аъзои он ба қабули қарор ҳуқуқи комил дорад.

Қарор бо овоздиҳии аз 3/2 ҳиссаи аъзои он қабул карда мешавад.

Ҳангоми баробар будани овозҳо раъйи раисикунандаи ҷаласаи Шӯрои назоратӣ ҳалкунанда мебошад.

12. Таъмини ташкилию техникии фаъолияти Шӯрои назоратиро котиби масъули он, ки узви Шӯрои назоратӣ набуда, аз ҷониби Директори идоракунанда аз ҳисоби кормандони КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" таъин мегардад, ба роҳ мемонад.

13. Раиси Шӯрои назоратӣ на дертар аз 10 рӯз то санаи баргузории ҷаласаи Шӯрои назоратӣ маводи зеринро тасдиқ менамояд:

1) лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва ё ғайринавбатии Шӯрои назоратӣ;

2) ҳуҷҷатҳо ва маводи иттилоотӣ аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа.

14. Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа ва маводи дахлдор, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои назоратӣ маъқул дониста шудааст, на дертар аз 10 рӯз то санаи баргузории ҷаласа ба аъзои Шӯрои назоратӣ фиристонида мешавад.

5. Протоколҳои Шӯрои назоратӣ

15. Протоколи ҷаласаи Шӯрои назоратӣ аз тарафи котиби масъули он дар рафти ҷаласа бурда мешавад.

Ба протокол Раисикунандаи ҷаласа ва котиби масъул, ки масъулияти дуруст тартиб додани онро бар зимма дорад, имзо мегузоранд.

Фикру андешаи узви Шӯрои назоратӣ, ки зидди қарори қабулшуда овоз додааст, ба протокол ворид карда мешавад.

Протоколи ҷаласаи Шӯрои назоратӣ на дертар аз 3 рӯз аз санаи баргузории ҷаласа тартиб дода мешавад.

16. Дар протоколи Шӯрои назоратӣ инҳо зикр мегарданд:

1) ҷой ва вақти баргузории ҷаласаи Шӯрои назоратӣ;

2) шахсони ҳузурдоштаи ҷаласа;

3) рӯзномаи ҷаласа;

4) масъалаҳое, ки ба овоздиҳӣ гузошта мешаванд ва натиҷаҳои овоздиҳӣ аз рӯи онҳо;

5) қарорҳои қабулшуда.

17. Протокол аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ бо роҳи пурсиш на дертар аз 2 рӯз аз санаи муайян шудани натиҷаҳои овоздиҳӣ бо роҳи пурсиш тартиб дода мешавад ва ба он Раиси Шӯрои назоратӣ ва дар сурати ҳозир набудани ӯ аз ҷониби узви ваколатдори Шӯрои назоратӣ имзо мегузорад.

Варақаҳои пурсиш қисми ҷудонопазири протокол маҳсуб меёбанд.

18. Дар протоколе, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии ғоибона тартиб дода шудааст, инҳо дарҷ мегарданд:

1) вақт ва ҷойи таҳияи протокол;

2) аъзои Шӯрои назоратӣ, ки ҳангоми қабули қарор варақаҳои пурсиши онҳо ба эътибор гирифта мешаванд;

3) аъзои Шӯрои назоратӣ, ки варақаҳои пурсиши онҳо беэътибор дониста шудаанд;

4) масъалаҳое, ки ба овоздиҳӣ гузошта шудаанд, натиҷаҳои онҳо;

5) қарорҳои қабулшуда.

19. Нигоҳдории нусхаи аслии протоколҳои Шӯрои назоратиро котиби масъули он таъмин менамояд.

Протоколҳо бо тартиби хронологӣ рақамгузорӣ шуда, рақамгузории дутарафа доранд, дар парвандаи алоҳида ҷой дода мешаванд ва бо тартибе, ки барои ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти иҷозаташ маҳдуд муқаррар гардидаанд, нигоҳдорӣ мешаванд. Нусхаи протоколҳои Шӯрои назоратӣ, ки аз ҷониби котиби масъули он имзо гардидааст, ба шӯъбаи 1 КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" фиристода мешаванд.

20. Котиби масъули Шӯрои назоратӣ нусхаи протоколро ба Раис ва аъзои Шӯрои назоратӣ мефиристад.

21. Котиби масъули Шӯрои назоратӣ иқтибоси протоколҳои Шӯрои назоратиро омода карда, ба бахшҳои КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик", ки масъули ба иҷро расонидани қарорҳои дахлдори Шӯрои назоратӣ мебошанд, ирсол менамояд.

Иқтибосҳо аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои назоратӣ имзо карда мешаванд.

6. Вазифа ва ваколатҳои Раис

22. Раис фаъолияти Шӯрои назоратиро ҳамоҳанг сохта, инчунин ба ҷаласаҳои он роҳбарӣ менамояд.

23. Раис бояд бо Директори идоракунанда робитаи доимӣ дошта, бо ӯ стратегияи рушди умумии КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва масъалаҳои марбут ба идоракунии хатарҳоро муҳокима намояд.

24. Директори идоракунанда ҳамаи ҳодисаҳои муҳимро, ки барои баҳодиҳии вазъият ва рушди КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аҳамияти муҳим доранд, таъҷилан ба Раис иттилоъ медиҳад.

25. Раис бояд онро ба иттилои аъзои Шӯрои назоратӣ расонида, ҳангоми зарурат ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои назоратиро даъват намояд.

7. Бархӯрди манфиатҳо

26. Ҳар як узви Шӯрои назоратӣ вазифадор аст, ки манфиатҳои КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ро дастури амал қарор диҳад ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур фаъолият намояд.

27. Узви Шӯрои назоратӣ ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми қабули қарорҳо манфиатҳои худро пеш гузорад, ё имкониятҳои соҳибкорӣ, маъмурӣ ва имкониятҳои дигареро, ки бинобар узвияти ӯ дар Шӯрои назоратӣ пайдо мешаванд, ба манфиати худ истифода барад.

28. Муносибати дуҷонибаи Шӯрои назоратӣ бо Директори идоракунанда ва ҳайати Шӯрои назоратӣ дар асоси ҳамкории зич ва мудохила накардан ба салоҳияти ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.

8. Назорати самаранокӣ ва ҳисоботдиҳии Шӯрои назоратӣ

29. Шӯрои назоратӣ назорати доимии самаранокии фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

Назорат тавассути гузаронидани мониторинги истифода ва татбиқи қарорҳои қабулшуда, инчунин омӯзиши нишондиҳандаҳои умумии КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар ҳар моҳ ба роҳ монда мешавад.

Мониторинги нишондиҳандаҳои умумӣ дар ҳамаи самтҳои асосии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоии КВД "Ширкати Алюфинийи Тоҷик" гузаронида мешавад.

30. Шӯрои назоратӣ барои идораи самараноки фаъолияти КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" масъул мебошад.

9. Қать гардидани фаъолияти Шӯрои назоратӣ

31. Фаъолияти Шӯрои назоратӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "20" феврали соли 2009

№ 106 тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ Шӯрои назоратаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"

Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) - Раиси Шӯро.

Аъзои Шӯро:

- Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик".