Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009 № 106 "Дар бораи таъсиси Шӯрои назоратии Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"

Санаи амалкуни: 03.12.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 647 аз эътибор соқит дониста шуд. 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.10.2014 № 650, аз 3.12.2018 № 576)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии корпоративии корхонаҳои азими саноатии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.10.2014 № 650).

2. Низомнома ва Ҳайати Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.10.2014 № 650).

3. Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар муддати 30 рӯз аз санаи қабули қарори мазкур корҳои ташкилиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи аввалини Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" анҷом диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.10.2014 № 650).

5. Директори идоракунандаи Корхона раиси Шӯрои нозирон буда наметавонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2018 № 576).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 20 феврали соли 2009 № 106

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от  30.12.2019г.№647

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об учреждении Наблюдательного совета Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания"

В соответствии со статьей 13 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", в целях регулирования деятельности Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания" и внедрения корпоративного управления крупными государственными промышленными предприятиями, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Учредить Наблюдательный совет Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания".

2. Утвердить Положение и Состав Наблюдательного совета Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания" (прилагаются).

3. Управляющему директору Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания" в течение 30 дней со дня принятия настоящего постановления провести организационные работы по проведению первого заседания Наблюдательного совета Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

от 20 февраля 2009 года № 106

г. Душанбе