Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 № 83 "Масъалаҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.05.2011 № 250 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бо роҳи ҳамроҳкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии нақлиёт" ба Корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашию кофтуковии "Лоиҳакаш" Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ" ташкил карда шавад.

2. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ"-ро ҳал намояд.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 602 "Дар бораи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумхурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар банди 2 қарор рақами "411" ба рақами "437" иваз карда шавад;

дар Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Раёсати назорати бехатарӣ дар нақлиёт", "Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ" мутаносибан ба калимаҳои "Шӯъбаи бехатарӣ дар нақлиёт" ва "Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус" иваз карда шуда, калимаҳои "Шӯъбаи ҳуқуқ" илова карда шаванд;

Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 6 мая 2011 года, №250

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Вопросы Министерства транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан

В соответствии со статьёй 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьёй 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Путем слияния "Научно-исследовательского института транспорта" в Государственное унитарное проектно-изыскательское предприятие "Лоиҳакаш" создать Государственное унитарное предприятие "Научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт".

2. Министерству транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного унитарного предприятия "Научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт".

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учётные данные.

4. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 602 "О Министерстве транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

в пункте 2 постановления цифру "411" заменить цифрой "437";

в Структуре Центрального аппарата Министерства транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан слова "Управления по надзору за безопасностью на транспорте" и "Отдел кадров и права" соответственно заменить словами "Отдел безопасности на транспорте", "Отдел кадров и специальных работ" и добавить слова "Юридический отдел";

Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Министерства транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан утвердить в новой редакции (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

...