Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 602
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 602
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008 № 569, аз 02.02.2009 № 83, аз 28.05.2009 № 326, аз 3.12.2010 № 647, аз 30.04.2011 № 232)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008 № 569, аз 02.02.2009 № 83, аз 28.05.2009 № 326, аз 3.12.2010 № 647, аз 30.04.2011 № 232)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумхурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсионӣ мебошад, ки функсияҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёри ҳуқуқиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, шаҳрӣ, барқӣ ва саноатӣ, хоҷагии роҳҳо, технологияҳои иттилоотӣ, алоқаи барқӣ ва почтавӣ (муросилотӣ), аз ҷумла дар соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар ташаккули захираҳои давлатии иттилоотӣ ва таъмини дастраси онҳо, рушди системаҳои радиошунавонӣ ва телевизион, истифодабарӣ ва конверсияи спектри радиобасомадҳо ба анҷом мерасонад.
2. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад,
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур, инчунин санадҳои меъёрӣ-хуқуқии марбут ба соҳаи комплекси нақлиётӣ-коммуникатсиониро дастури амал қарор медиҳад.
II. Ваколатҳо
...