Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352, аз 1.11.2019 № 567, аз 25.06.2024 № 370)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352, аз 1.11.2019 № 567, аз 25.06.2024 № 370)
Мутобиқи моддаи 118 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзими пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2009 меъёри пардохти хароҷоти кирояи манзил дар давлатҳои хориҷа ҳангоми сафарҳои хизматӣ барои:
а) раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хароҷоти воқеӣ;
б) аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи хароҷоти воқеӣ, вале на зиёда аз меъёри пардохти дар замима пешбинишуда дар як шабонарӯз № 370
в) дигар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ аз рӯи хароҷоти воқеӣ, вале на зиёда аз меъёри пардохти дар замима пешбинишуда дар як шабонарӯз .
2. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти роҳкиро ба кишварҳои хориҷаи дур ва наздик бо дарназардошти фармоиши пешакӣ брон кардан, барои шахсоне, ки дар зербанди (а) банди I қарори мазкур зикр ёфта, аз рӯи меъёрҳои класси якум ё бизнес-класс, зербандӣ (б) аз рӯи меъёрҳои бизнес-класс ва зербанди (в) аз рӯи меъёрҳои эконом-класс пардохт мешаванд.
3. Маблағи харҷи шабонарӯзӣ барои шахсони дар сафари хизматибуда, ки дар зербандҳои (а) ва (б) банди 1 ҳамин қарор муайян карда шудаанд, дар ҳаҷми 65 доллари ШМА ва барои хароҷоти ғайричашмдошт боз 20 фоизи меъёри харҷи шабонарӯзӣ барои ҳар як шабонарӯз, зербанди (в) банди 1 қарори мазкур 55 доллари ШМА барои ҳар як шабонарӯз муқаррар карда шавад .
4. Пардохти хароҷоти сафари хизматӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ чунин муқаррар карда шавад:
- кирояи манзил барои шахсони дар зербандхои (а) ва (б) банди 1 ҳамин қарор нишондодашуда дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми то 200 сомонӣ, дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои Чкалов, Исфара, Истаравшан, Панҷакенти вилояти Суғд, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода то 150 сомонӣ, дар маркази дигар шаҳру нохияҳо то 100 сомонӣ ва барои шахсони дар зербанди (в) зикргардида дар шаҳри Душанбе то 120 сомонӣ, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то 80 сомонӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин барои ҳамаи шахсони дар сафари хизматӣ буда то 40 сомонӣ дар як шабонарӯз ;
- роҳкиро дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохт карда мешавад.
...