Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 № 352 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 "Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар зербанди б) банди 1 калимаҳои "мушовирони давлатии" ба калимаҳои "ёрдамчиёни", калимаҳои "сардори Раёсати хизмати давлатӣ" ба калимаҳои "Директори Агентии хизмати давлатии" иваз карда шаванд;

- дар зербанди в) банди 1 калимаи "замимаи" ба калимаи "замима" иваз карда шавад;

- дар банди 3 рақамҳои "60" ва "50" мутаносибан ба рақамҳои "65" ва "55" иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми банди 4 калимаи "Чкаловск" ба калимаи "Чкалов", рақамҳои "100", "70", "50", "70", "50" ва "20" мутаносибан ба рақамҳои "200", "150", "100", "120", "80" ва "40" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 рақамҳои "30", "20", "15" ва "20" мутаносибан ба рақамҳои "50", "40", "30" ва "30" иваз карда шаванд;

- дар банди 7 рақами "15" ба рақами "30" иваз карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои қарори мазкур лоиҳаи Дастурамал дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №531

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года,№531 "Об оплате расходов служебных командировок государственных служащих, работников государственных организаций и учреждений в зарубежные страны, а также в пределах Республики Таджикистан" следующие изменения:

- в подпункте б) пункта 1 слова "Государственных советников" заменить словом "помощников", слова " Руководителя государственный службы" заменить словами "Директора Агентства государственной службы";

- в пункте 3 цифры "60" и "50" соответственно заменить цифрами "65" и "55";

- в первом абзаце пункта 4 цифры "100", "70", "50", "70", "50" и "20" соответственно заменить цифрами "200", "150", "100", "120", "80" и "40";

- в пункте 5 цифры "30", "20", "15" и "20" соответственно заменить цифрами "50", "40", "30" и "30";

- в пункте 7 цифру "15" заменить цифрой "30".

2. Министерству финансов Республики Таджикистан для исполнения настоящего постановления подготовить проект Инструкции об оплате расходов служебных командировок государственных служащих, работников государственных организаций и учреждений в зарубежные страны, а также в пределах Республики Таджикистан и представить в Правительство Республики Таджикистан.

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2015 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

...