Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 "Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.11.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352, аз 1.11.2019 № 567, аз 25.06.2024 № 370)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352, аз 1.11.2019 № 567, аз 25.06.2024 № 370)

Мутобиқи моддаи 118 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзими пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2009 меъёри пардохти хароҷоти кирояи манзил дар давлатҳои хориҷа ҳангоми сафарҳои хизматӣ барои:

а) раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хароҷоти воқеӣ;

б) аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи хароҷоти воқеӣ, вале на зиёда аз меъёри пардохти дар замима пешбинишуда дар як шабонарӯз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352, аз 1.11.2019 № 567, аз 25.06.2024 № 370);

в) дигар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ аз рӯи хароҷоти воқеӣ, вале на зиёда аз меъёри пардохти дар замима пешбинишуда дар як шабонарӯз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352).

2. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти роҳкиро ба кишварҳои хориҷаи дур ва наздик бо дарназардошти фармоиши пешакӣ брон кардан, барои шахсоне, ки дар зербанди (а) банди I қарори мазкур зикр ёфта, аз рӯи меъёрҳои класси якум ё бизнес-класс, зербандӣ (б) аз рӯи меъёрҳои бизнес-класс ва зербанди (в) аз рӯи меъёрҳои эконом-класс пардохт мешаванд.

3. Маблағи харҷи шабонарӯзӣ барои шахсони дар сафари хизматибуда, ки дар зербандҳои (а) ва (б) банди 1 ҳамин қарор муайян карда шудаанд, дар ҳаҷми 65 доллари ШМА ва барои хароҷоти ғайричашмдошт боз 20 фоизи меъёри харҷи шабонарӯзӣ барои ҳар як шабонарӯз, зербанди (в) банди 1 қарори мазкур 55 доллари ШМА барои ҳар як шабонарӯз муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352).

4. Пардохти хароҷоти сафари хизматӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ чунин муқаррар карда шавад:

- кирояи манзил барои шахсони дар зербандхои (а) ва (б) банди 1 ҳамин қарор нишондодашуда дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми то 200 сомонӣ, дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои Чкалов, Исфара, Истаравшан, Панҷакенти вилояти Суғд, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода то 150 сомонӣ, дар маркази дигар шаҳру нохияҳо то 100 сомонӣ ва барои шахсони дар зербанди (в) зикргардида дар шаҳри Душанбе то 120 сомонӣ, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то 80 сомонӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин барои ҳамаи шахсони дар сафари хизматӣ буда то 40 сомонӣ дар як шабонарӯз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 352);

- роҳкиро дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохт карда мешавад.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

0б оплате расходов служебных командировок государственных служащих работников государственных организаций и учреждений в зарубежные страны, а также в пределах Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г. №352, от 01.11.2019г.№567, от 25.06.2024 №370)

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г. №352, от 01.11.2019г.№567, от 25.06.2024 №370)

В соответствии со статей 118 Трудового кодекса Республики Таджикистан и в целях упорядочения возмещения командировочных расходов государственным служащим, работникам государственных организаций и учреждений Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить с 1 января 2009 года нормы возмещения расходов по найму жилого помещения в зарубежных государствах для:

а) председателей Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Премьер-министра Республики Таджикистан по фактическим расходам;

б) Членов Правительства Республики Таджикистан, членов Маджлиси милли и депутатов Маждлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, руководителя исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан, руководителя Аппарата Маджлиси милли и руководителя Аппарата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, помощников Президента Республики Таджикистан, секретаря Совета безопасности Республики Таджикистан, Генерального прокурора Республики Таджикистан, председателей Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан, Конституционного, Верховного, Высшего экономического судов Республики Таджикистан, директора Агентства государственного финансового контроля и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, директора Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Директора Агентства государственный службы при Президенте Республики Таджикистан, директора Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан председателя Горно-Бадахшанской автономной области, председателей областей и города Душанбе по фактическим расходам, но не более норм возмещения, предусмотренных в приложении в сутки (в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г. №352 , от 01.11.2019г.№567, от 25.06.2024 №370);

в) других государственных служащих и работников государственных предприятий организаций и учреждений по фактическим расходам, но не более норм возмещения, предусмотренных в приложении в сутки.

2. Установить, что оплата за проезд в страны дальнего и ближнего зарубежья с учетом заранее заказанной брони производится для командировочных лиц указанных в пункте 1 подпункта (а) указанного постановления по первому или бизнес классу, подпункта (б) по бизнес классу и подпункта (в) по эконом классу.

3. Установить оплату суточных расходов командированным лицам указанным в пункте 1 подпунктах (а) и (б) данного постановления в размере 65 долларов США и на непредвиденные расходы 20 процентов от нормы суточных, подпункте (в) - 55 долларов США в сутки (в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г. №352) .

4. Установить оплату командировочных расходов в пределах Республики Таджикистан для государственных служащих, работников государственных предприятий, организаций и учреждений:

- за наём жилого помещения для лиц указанных в пункте 1 подпунктах (а) и (б) данного постановления в городе Душанбе в размере по 200 сомони, в областных центрах и городах Чкаловск, Исфара, Истаравшан, Пенджнкент, Куляб и Турсунзаде до 150 сомони, в других городских и районных центрах в размере до 100 сомони и для лиц указанных в под пункте (в) в городе Душанбе в размере до 120 сомони, в областных, городских и районных центрах в размере до 80 сомони и других населенных пунктах для всех командировачных лиц до 40 сомони в сутки (в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г. №352) ;

- для оплаты за проезд по фактически представленным подтверждающим документам.

...