Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001, № 582 "Дар бораи таъсиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ"

Санаи амалкуни: 03.07.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 09.04.2007с. № 198 беэътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.07.2002с. № 283)

Бо мақсади таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина, мутобиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба усул ва самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ аз 6 июли соли 2001, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар ҳайати зерин таъсис дода шавад:

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси бахши тоҷикистонии комиссия

Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси бахши тоҷикистонии комиссия (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.07.2002с. № 283)

Аъзои комиссия:

Муовини аввали вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.07.2002с. № 283).

Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини раиси Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон "Тоҷикматлубот"

Директори генералии Заводи алюминии Тоҷикистон

Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафи Украинаро аз қарори мазкур огоҳ созад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2001 № 582

ш. Душанбе