Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 582
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 582 "Дар бораи таъсиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
дар сархати дуюм калимаҳои "Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар сархати сенздаҳум калимаҳои "Муовини раиси кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Муовини вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Украинаро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июли соли 2002 № 283
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2001 года №582
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан № 582 от 30 декабря 2001 года "О создании таджикской части Таджикско-Украинской межправительственной комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству" следующие изменения:
во втором абзаце слова "Председатель Государственного комитета Республики Таджикистан по делам промышленности" заменить словами ,Министр промышленности Республики Таджикистан";
в тринадцатом абзаце слова "Заместитель председателя Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан" заменить словами "Заместитель министра по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан".
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить Украинскую сторону о настоящем постановлении.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 3 года 2002 года № 283
г. Душанбе