Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, № 331

Санаи амалкуни: 03.03.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025 № 632 аз эътибор соқит дониста шавад

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2004 № 331

тасдик шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2004 № 331

тасдик шудааст

Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарор аз 3.03.2006с. № 113)

(қарор аз 3.03.2006с. № 113)

1. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии татбиқкунандаи сиёсати ягонаи идораи радиобасомадҳо, таъминкунандаи сиёсати дарозмудати банақшагирии тақсим ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо, захираи миллии таъминкунандаи мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии истифодабарандагон дар қаламрави мамлакат, ҳифзкунандаи манфиати давлат дар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

2. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ", санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад ва баҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

3. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии байниидоравӣ дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси дастҷамъӣ фаъолият мекунад.

Раис ва муовини раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири алоқа ва муовини аввали Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо) муовинони вазирони адлия, амният, молия, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, мелиооратсия ва хоҷагии об, мудофиа, нақлиёт, саноат; муовинони раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон телевизион ва радио, ҳифзи сарҳади давлатӣ; муовини Директори Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот", муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон "Геологияи тоҷик", муовини Сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Директори Агентни стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт), муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон", Сардори Бозрасии давлатии алоқаи дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии анзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа ва бо пешниҳоди роҳбарони вазорату идораҳои мазкур таъин мегарданд (қарор аз 3.03.2006с. № 113).

4. Аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо:

...


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 22.11.2025 №632

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 2 августа 2004 года № 331

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 2 августа 2004 года № 331

Положение О Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.03.2006г.№113)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.03.2006г.№113)

1. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан является государственным органом по реализации единой политики управления радиочастотами, обеспечения долгосрочной политики планирования распределения и использования радиочастотного спектра, являющегося национальным ресурсом, обеспечения электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств пользователей на территории страны, защиты интересов государства в международных организациях.

2. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об электрической связи", международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, настоящим Положением и подотчетна Правительству Республики Таджикистан.

3. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан является межведомственным органом при Министерстве связи Республики Таджикистан и действует на коллегиальной основе.

Председателем и Заместителем Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан являются министр связи и первый заместитель министра связи Республики Таджикистан.

Членами Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан (далее - Государственная комиссия по радиочастотам) определены заместители министров: юстиции, безопасности, финансов, по государственным доходам и сборам, экономики и торговли, сельского хозяйства, внутренних дел, иностранных дел, мелиорации и водного хозяйства, обороны, транспорта, промышленности; заместители председателей комитетов при Правительстве Республики Таджикистан по телевидению и радиовещанию, по охране государственной границы; заместитель начальника Национального космического, геодезического и картографического агентства при Правительстве Республики Таджикистан "Точиккоинот", заместители начальников Главных управлений геологии при Правительстве Республики Таджикистан "Геологияи точик", защиты Государственных секретов при Правительстве Республики Таджикистан заместитель Директора Агентства по антимонопольной политике и поддержке предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан, заместитель Директора Агентства стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан "Точикстандарт"; заместитель Генерального директора Государственного унитарного авиационного предприятия "Точикистон", Начальник Государственной инспекции связи при Министерстве связи Республики Таджикистан, Директор Агентства регулирования связи при Министерстве Республики Таджикистан - по должности и по представлению руководителей указанных министерств и ведомств(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.03.2006г.№113).

...