ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад
1. Низомнома ва ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, №331 «Дар бораи Комиссияи давлатии радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 632
...