Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон з 22 ноябри соли 2025, № 632

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2025, № 632

Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низомнома) мақсад, вазифаҳо, ваколатҳо ва ташкили фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссияи давлатӣ)-ро муайян менамояд.

2. Комиссияи давлатӣ ҳамчун мақоми байниидоравии машваратӣ фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ карда, мақоми давлатӣ оид ба татбиқи сиёсати ягонаи идораи радиобасомадҳо мебошад, ки сиёсати дарозмуддати банақшагирии тақсимот ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо, захираи миллии таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии истифодабарандагонро дар ҳудуди мамлакат таъмин мекунад ва манфиатҳои давлатро дар созмонҳои байналмилалӣ ҳифз мекунад.

3. Комиссияи давлатӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТӢ

4. Мақсадҳои асосии Комиссияи давлатӣ аз инҳо иборатанд:

- банақшагирии истифодаи самаранок ва бехалали спектри радиобасомадҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла истифодаи шахсии онҳо;

- таҳияи Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳо;

- ҳамоҳангсозии насби ҳама намуди радиостансияҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавҷуда;

- таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифодаи спектри радиобасомад;

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «22» ноября 2025 года, №632

Положение о Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан (далее – Положение) определяет цель, задачи, полномочия и организацию деятельности Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан (далее – Государственная комиссия).

2. Государственная комиссия является межведомственным консультативным органом, осуществляющим свою деятельность на коллегиальной основе и является государственным органом по реализации единой политики управления радиочастотами, обеспечивающим долгосрочную политику планирования распределения и использования радиочастотного спектра, национального ресурса, обеспечения электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств пользователей на территории страны и защищающим интересы государства в международных организациях.

3. Государственная комиссия в своей деятельности руководствуется  Конституцией  Республики Таджикистан, другими правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

2. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ГОСУДАРСТВЕННОЙ КОМИССИИ

4. Основными целями Государственной комиссии являются следующие:

- планирование эффективного и безпомехное использования общественного спектра радиочастот, включая их частное использование;

- разработка Национального плана распределения радиочастот;

- координация установки всех видов радиостанций на территории Республики Таджикистан с целью рационального использования существующих позиций;

- разработка рекомендаций и порядка использования спектра радиочастот;

...