ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156; с. 2008, №3, мод.198, №12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, №12, мод. 891; с. 2015, №12, қ. 1, мод.1117; с. 2016, №3, мод.154)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 166, аз 20.03.2008 № 379, аз 31.12.2008 № 462, аз 28.12.2013 № 1047, аз 25.12.2015 № 1271, аз 15.03.2016 № 1301, аз 24.02.2017 № 1401)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алоқаи барқрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқaррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқӣ истифода мебаранд, муайян мекунад.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи барқӣ
Алоқaи барқӣ қисми ҷудонопазири инфраструктураи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун ҷузъи ба ҳам алоқаманди комплекси истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ ба хизмати алоқаи барқӣ нигаронида шудааст, амал мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
"алоқаи барқӣ" - ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, овозҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптика ё системаҳои дигари электромагнитӣ;
"шабакаи алоқаи барқӣ" - системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва покатӣ, ҳамзамон Интернет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;
"хизматрасонии алоқаи барқӣ" - маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди ишоратҳо ва дигар намудҳои иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;
...