Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат"

Санаи амалкуни: 28.05.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.2020 № 271 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306)

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷубронпулӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ дар миқёси воҳиди маъмурию ҳуқуқӣ ба миқдори расман муайяншудаи аҳолии камбизоат дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пардохт карда мешавад.

3. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда 70 фоиз барои истифодаи қувваи барқ ва 30 фоиз барои истифодаи гази табиӣ муқаррар карда шавад.

4. Маблағҳои ҷубронпулӣ аз рӯи пешниҳоди комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси ҳаҷми воқеии хизматрасонии қувваи барқ ва гази табиӣ, ки бо риояи қатъии мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тағйирёбии тарифҳои онҳо, ҳисобу китоб ва интиқол мегарданд.

5. Барои ташкил ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва таъминоти моддию техникии онҳо то 1,0 фоиз ва барои хизматрасонии воқеии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - 0,8 фоиз аз ҳисоби умумии маблағҳои барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда маблағ муқаррар карда шавад.

6. Ҷадвали шумораи оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба миқдори 241 ҳазор нафар тасдиқ карда шавад (замима мегардад). Ба ҳар оилаи (шаҳрванди) камбизоат дар соли 2009 ҳашт адад лампаи каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

7. Маблағи умумӣ барои харидорӣ намудани лампаҳои каммасрафи барқӣ дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағи дар буҷети соли 2009 барои ҷубронпулии пардохти истифодаи қувваи барқ пешбинишуда муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ), комиссияҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои идораи манзилию коммуналӣ ва шӯроҳои маҳаллаҳо таъмини саривақтӣ ва сифатноки тамоми манзилҳои истиқоматии оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ташкил намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷубронпулӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ дар миқёси воҳиди маъмурию ҳуқуқӣ ба миқдори расман муайяншудаи аҳолии камбизоат дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пардохт карда мешавад.

3. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда 70 фоиз барои истифодаи қувваи барқ ва 30 фоиз барои истифодаи гази табиӣ муқаррар карда шавад.

4. Маблағҳои ҷубронпулӣ аз рӯи пешниҳоди комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси ҳаҷми воқеии хизматрасонии қувваи барқ ва гази табиӣ, ки бо риояи қатъии мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тағйирёбии тарифҳои онҳо, ҳисобу китоб ва интиқол мегарданд.

5. Барои ташкил ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва таъминоти моддию техникии онҳо то 1,0 фоиз ва барои хизматрасонии воқеии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - 0,8 фоиз аз ҳисоби умумии маблағҳои барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда маблағ муқаррар карда шавад.

6. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар сол ду маротиба ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 145 "Дар бораи такмили механизми пардохти ҷубронпулиҳо ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 379

ш. Душанбе