Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат, таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ аз 1 августи соли 2008, № 379

Санаи амалкуни: 28.05.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.2020 № 271 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 379

тасдиқ шудаанд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 379

тасдиқ шудаанд

 

Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат, таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ

(қарори Ҳукумати аз 28.05.2009 № 306)

(қарори Ҳукумати аз 28.05.2009 № 306)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои муайян кардани оилаҳои камбизоат, таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ (минбаъд-Қоидаҳо) шарт ва усулҳои таъсис додани комиссияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, инчунин шартҳои таъин ва тартиби аз рӯи меъёрҳо пардохтани ҷубронпулиро ба ин категорияи аҳолӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ муайян мекунад.

2. Ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ, ва гази табиӣ (минбаъд - ҷубронпулӣ) ба оилаҳо ё шаҳрвандони яккаву танҳое дода мешавад, ки аз ҷониби комиссияҳои пешбининамудаи ҳамин Қоидаҳо камбизоат эътироф шудаанд.

II. Тартиби таъин намудани ҷубронпулӣ

3. Ҷубронпулӣ дар маҳалли зист ба оилаҳо ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоате, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила (ё шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқараргардида паст ва ё ба он баробар мебошад, таъин карда мешавад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 14.05.2020г.№271

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

 от 1 августа 2008 года, № 379

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

 от 1 августа 2008 года, № 379

Правила определения малообеспеченных семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.05.2009г.№306)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.05.2009г.№306)

I. Общие Правила

1. Правила определения малообеспеченных семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом (далее - Правила) определяют условия и принципы создания областных, районных и городских комиссий по назначению и выплате компенсаций малообеспеченным семьям и одиноко проживающим гражданам за пользование электроэнергией и природным газом, а также условия назначения и порядок выплаты компенсации этим категориям населения по установленным нормам объёма использования электроэнергии и природного газа.

2. Право на получение компенсации за пользование электроэнергией и природным газом (далее - компенсации) имеют семьи или одиноко проживающие граждане, признанные комиссиями по настоящим Правилам малообеспеченными.

II. Порядок назначения компенсации

3. Компенсация назначается по месту жительства малообеспеченным семьям (одиноко проживающим гражданам), среднемесячный доход каждого члена семьи (гражданина) которых равен или не превышает 50 процентов установленного размера минимальной заработной платы.

4. Факт проживания в составе семьи (хозяйства) подтверждается записью в хозяйственной, домовой книге или ордере.

...