Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 306 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 №653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, муассисаҳои буҷетӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 № 653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия" низоми қатъии сарфаи воситаҳоро дар доираи маблағҳои пешбиникардаи сметаҳои хароҷот, таъмин намоянд.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба қарор бандҳои 6 - 13 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"6. Ҷадвали шумораи оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба миқдори 241 ҳазор нафар тасдиқ карда шавад (замима мегардад). Ба ҳар оилаи (шаҳрванди) камбизоат дар соли 2009 ҳашт адад лампаи каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад.

7. Маблағи умумӣ барои харидорӣ намудани лампаҳои каммасрафи барқӣ дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағи дар буҷети соли 2009 барои ҷубронпулии пардохти истифодаи қувваи барқ пешбинишуда муқаррар карда шавад.

8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ), комиссияҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои идораи манзилию коммуналӣ ва шӯроҳои маҳаллаҳо таъмини саривақтӣ ва сифатноки тамоми манзилҳои истиқоматии оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ташкил намоянд.

9. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни харидории лампаҳои каммасрафи барқиро бо гузаронидани тендер дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни гузаронидани тендер бо тариқи гуфтушуниди мустақим бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасраф ба роҳ монда, аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ ташкил намоянд.

10. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби ташкил, харидорӣ ва дастрас намудани лампаҳои каммасрафи барқиро ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муайян ва тасдиқ намоянд.

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳуҷҷати расмии оид ба нархи воқеии лампаҳои каммасрафи барқӣ пешниҳодшуда, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатии соли 2009 барои пардохти ҷубронпулии истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинӣ шудаанд, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хариди лампаҳои каммасрафи барқӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

12. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақияи маблағи ҷубронпулии дар буҷети соли 2009 барои пардохти истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинигардидаро муайян намуда, пардохти ҷубронпулиҳоро бо дарназардошти ҳаҷми маблағи боқимонда таъмин намоянд.

13. Амали бандҳои 25 ва 26 "Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №379 тасдиқ шудааст, дар қисмати пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ дар соли 2009 муваққатан мавқуф гузошта шавад".

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 24 апреля 2009 года №653 "О дополнительных мерах по экономному использованию энергии и энергосбережению" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерствам ведомствам, бюджетным организациям, местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов Республики Таджикистан во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 24 апреля 2009 года №653  "О дополнительных мерах по экономному использованию энергии и энергосбережению" обеспечить строгий режим экономии средств в пределах сумм, предусмотренных сметами расходов.

2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379 "Об усилении социальной помощи малоимущим семьям и гражданам" после пункта следующие изменения и дополнения:

Постановление дополнить пунктами 6-13 следующего содержания:

"6. Утвердить таблицу численности малообеспеченных семей (граждан) в Республике Таджикистан на 2009 год в количестве 241 тысячи семей (прилагается). Выделить в 2009 году за счет средств республиканского бюджета каждой малообеспеченной семье (гражданам) энергосберегающие лампы в количестве 8 штук.

7. Определить общую сумму расходов на приобретение энергосберегающих ламп в размере 18 миллионов сомони из бюджета на 2009 год, предусмотренного на выплату компенсаций за пользование электроэнергией.

8. Министерству труда и социальной защиты населения, Министерству энергетики и промышленности совместно с областными, городскими (районными) комиссиями и комиссиями органов самоуправления джамоата, поселка или жилищно-коммунальных органов и махаллинских советов организовать своевременное и качественное обеспечение всех жилых помещений малоимущих семей энергосберегающими лампами за счет выделенных средств.

9. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговля Республики Таджикистан, Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при , Правительстве Республики Таджикистан организовать и провести тендер по закупке энергосберегающих ламп в соответствии с законодательством Республики Таджикистан или без проведения тендера путём прямых переговоров с предприятиями производящие энергосберегающие лампы, создать межведомственную комиссию из числа работников соответствующих министерств и ведомств.

10. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан определить и утвердить Порядок организации покупки и обеспечения энергосберегающими лампами малообеспеченных семей и граждан.

11. Министерству финансов Республики Таджикистан в соответствии с официальными документами, подтверждающими реальную стоимость энергосберегающих ламп, предназначенных малообеспеченным семьям и гражданам, перечислить необходимую сумму Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан для организации покупки указанных ламп за счет предусмотренных в бюджете республики на 2009 год для выплат компенсаций за использование электроэнергии.

12. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан определить остаток средств предусмотренных в бюджете 2009 года для компенсации за пользование электроэнергии, обеспечить выплату компенсаций малообеспеченным семьям из оставшейся суммы средств.

13. Действие пунктов 25 и 26 "Правила определения малообеспеченных семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом" утвержденных Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379 в части компенсационной выплаты за пользование потребление электроэнергией в 2009 году временно приостановить.";

...