Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 № 653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия

Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад.

2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, то охири соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" то моҳи октябри соли 2009 241 ҳазор оилаи камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати давра ба давра маҳдуд кардани воридоти лампаҳои тафсон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009 - 2011 бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта, ба истифода додани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.

6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷиҳати иҷрои ҳамин Фармон стандартҳои дар соҳаи сарфаи энергия амалкунандаро такмил диҳанд.

7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои дар давоми се соли оянда бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар зарфи чор сол бо нерӯи барқ таъмин намудани эҳтиёҷоти мамлакат чораҳои зарурӣ андешад.

8. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Барномаи кам кардани талафоти энергия ва сарфаи онро барои солҳои 2010-2015 таҳия карда, то 1 сентябри соли 2009 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади то охири соли 2013 ба истиқлолияти энергетикии мамлакат ноил шудан нақшаи чорабиниҳоро доир ба сохта, ба истифода додани нерӯгоҳҳои бузург, миёна ва хурд, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии амалкунанда таҳия ва тасдиқ намояд;

- ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои сарфаи энергия аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияи босалоҳият таъсис диҳад;

- барои кам кардани талафоти энергияи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро барои солҳои 2009 - 2015 таҳия ва тасдиқ намояд;

...

УКАЗ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКР1СТАН

О дополнительных мерах по экономному использованию энергии и энергосбережению

В целях наилучшего обеспечения населения электроэнергией а также широкого применения энергосберегающего оборудования и устройств в республике, в соответствии со статьей 69 Конституции РеспубликиТаджикистан постановляю:

1. С 1 мая 2009 года на всей территории Республики Таджикистан перейти на использование энергосберегающих ламп.

2. Руководителям центральных и местных органов государственной власти, организаций, учреждений и предприятий, независимо от форм собственности, до конца 2009 года обеспечить переход на использование энергосберегающих ламп.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов и Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" до октября месяца 2009 года обеспечить 241 тысячу малоимущих семей энергосберегающими лампами.

4. Обязать Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, Министерство энергетики и промышленности Республики Таджикистан и Таможенную службу при Правительстве Республики Таджикистан представить в Правительство Республики Таджикистан конкретные предложения по поэтапному ограничению ввоза обычных ламп.

5. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан и Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в течение 2009-2011 годов с привлечением внутренних и внешних инвестиции обеспечить строительство и ввод в эксплуатацию двух предприятий по производству энергосберегающих ламп.

6. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан и Государственной службе по надзору в области энергетики во исполнение данного Указа усовершенствовать существующие стандарты в области энергосбережения.

7.Правительству Республики Таджикистан с использованием всевозможных ресурсов, привлечением внешних и внутренних инвесторов принять необходимые меры для обеспечения в трёхлетний срок нужд республики отечественным газом и в течение четырёх лет электроэнергией.

8. Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству юстиции Республики Таджикистан, Государственной службе по надзору в области энергетики и Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик"до 1 сентября 2009 года разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан Программу по энергосбережению на 2010 - 2015 годы.

9. Правительству Республики Таджикистан:

- в целях достижения энергетической независимости до конца 2013 года разработать и утвердить План мероприятий по строительству и вводу в действие больших, средних и малых электростанций и реконструкций существующих гидроэлектростанций и тепловых электростанций;

- в целях осуществления мероприятий по энергосбережению создать компетентную комиссию из числа опытных специалистов соответствуюших министерств и ведомств, представителей исполнительных органов государственной власти областей, городов и районов;

...