Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд аз 3 августи соли 1998, № 301

Санаи амалкуни: 30.11.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 207 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 563

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 563

Таҳрири нав

Таҳрири нав

Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

1. Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд (минбаъд - Низомнома), талабот ва тартиби сарфароз гардонидан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро (минбаъд - ҷоиза) муқаррар менамояд.

2. Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоистаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимону муҳаққиқони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:

- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;

- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

4. Довталаби ҷоиза дар соҳаи илм корманди муассисаҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ, мутахассиси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад, ки дар рушди илм саҳми арзанда гузошта, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) буда, ба талаботи сархати якуми банди 3 Низомномаи мазкур ҷавобгӯ мебошад.

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 1998 № 301

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371, аз 03.06.2013 № 260)

1. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998 № 967 "Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд", ба мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон аз соли 1998 6 /шаш/ ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд.

Ҳар кадом ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба маблағи баробар ба 2000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371).

2. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба мақсади зайл дода мешавад:

- барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2006 № 371, аз 03.06.2013 № 260);

- барои коркард ва аззсудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд.

3. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамасола тавассути Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаи озмуне, ки ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад, дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Эълони гузаронидани озмуни барои гирифтани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тавассути ахбори умум таи се моҳи қабл аз озмун ба табъ мерасад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

4. Довталаби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, олими ҷавони дорои дараҷаи илмии номзад ё доктори илм, ки дар соҳаи илм, техника ва технология кашфиёту ихтироот анҷом додааст ва онҳо дар амал татбиқшуда ва ё татбиқшаванда мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Шахси довталабе, ки барои гирифтани ҷоизаи Исмоили Сомонӣ пешкаш мегарданд, дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ин беш аз се нафар, дар соҳаи илмҳои техникӣ на беш аз чаҳор нафар ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ на беш аз ду нафар бояд бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Синни довталаб барои дарёфти ҷоиза дар рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо бояд ба 35 нарасида бошад. Довталаб дар як вақт метавонад танҳо барои гирифтани яке аз ҷоизаҳои моҳияти давлатидошта пешбарӣ шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Ба шахси довталаб шахсоне, ки барои гирифтани ҷоизаи дигари моҳияти давлатӣ дошта пешбарӣ шудаанд, дохил карда намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ корҳое, ки муаллифи онҳо ба ҷоизаҳои моҳияти давлатӣ дошта, сарфароз гардида бошанд, пешниҳод карда намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

5. Пешниҳоди таҳқиқот барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тавассути вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

6. Натиҷаҳои кашфиёту ихтирооти илмие, ки барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ пешниҳод карда мешаванд, танҳо дар сурати моҳияти илмию амалӣ доштан, инчунин бо замима гардидани маводи тасдиқкунандаи чопӣ, сабтӣ, айёнӣ ва ғайра қабул карда мешаванд. Мӯҳлати дар амал татбиқ шудани таҳқиқот бояд на кам аз як солро фаро гирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

7. Барои гузаронидани озмуни, муайян сохтани низоми пешбарии корҳо ва экспертизаи илмии онҳо дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи дарьёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Низомномаи Комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҳайати онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Дар ҳайати Комиссияҳои коркунони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву корхонаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд.

8. Ба шахсоне, ки сазовори ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мегарданд, диплом ва нишони фахрӣ, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешакӣ тасдиқ намудааст, супорида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

Дар ҳолати ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардидани шахси муаллиф маблағи пулии он дар байни аъзоёни шахс баробар тақсим мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

9. Қарори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сарфароз намудани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рӯзномаҳо нашр мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 260).

10. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ такроран дода намешавад.