Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998 № 301 "Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд"
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998 № 967 "Дар бораи таъсис ёфтани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998 № 301 тасдиқ карда шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- сархати дуюми банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳар кадом ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба маблағи баробар ба 2000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар карда шавад";
- зербанди якуми банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- барои тадқиқотҳои илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамоянд;";
- дар банди 4 матни тоҷикии Низомнома калимаҳои "табааи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 матни тоҷикии Низомнома калимаҳои "муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2006 № 371
ш. Душанбе
...