Қарори Ҳукумати Ҷумҳурим Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, № 260 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, № 301"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурим Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, № 301

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №301 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар матни Низомнома калимаҳои "Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

- дар матни Низомнома калимаҳои "довталабон", "гурӯҳ", "муаллифон", "тадқиқотҳо" ва "конкурс" муносибан ба калимаҳои "довталаб", "шахс", "муаллиф", "таҳқиқот" ва "озмун" иваз карда шавад;

- дар банди 4:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

- "Довталаби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, олими ҷавони дорои дараҷаи илмии номзад ё доктори илм, ки дар соҳаи илм, техника ва технология кашфиёту ихтироот анҷом додааст ва онҳо дар амал татбиқшуда ва ё татбиқшаванда мебошанд";

- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Синни довталаб барои дарёфти ҷоиза дар рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо бояд ба 35 нарасида бошад. Довталаб дар як вақт метавонад танҳо барои гирифтани яке аз ҷоизаҳои моҳияти давлатидошта пешбарӣ шавад";

- банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"5. Пешниҳоди таҳқиқот барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тавассути вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад";

- банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 августа 1998 года, №301

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение о премиях имени Исмоила Сомони для молодых ученых за выдающиеся работы в области науки и техники, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 августа 1998 года, №301 следующие изменения и дополнения:

- в тексте Положения слова "Комитет по делам молодёжи при Правительстве Республики Таджикистан" заменить словами "Комитет по делам молодёжи, спорта и туризма при Правительстве Республики Таджикистан";

- в тексте Положения слова "соискатели", "группа", "авторы" и "исследования" соответственно заменить словами "соискатель", "лицо", "автор" и "исследование";

- в пункте 4:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"Соискатель на премию имени Исмоила Сомони это гражданин Республики Таджикистан, молодой учёный, имеющий научную степень кандидата или доктора наук, который завершил научное, техническое или технологическое открытие и изобретение и они внедрены или же внедряются на практике";

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"Возраст соискателя на соискание премии в день принятия документов не должен превышать 35 лет. Соискатель может в одно время выдвигаться на получение одной из премий государственного значения";

- пункт 5 изложить в следующей редакции:

"5. Выдвижение исследования на соискание премии имени Исмоила Сомони производится министерствами и ведомствами, научными и высшими профессиональными учебными учреждениями Республики Таджикистан";

- пункт 6 изложить в следующей редакции:

...