Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Номгӯи молҳои воридшаванда барои сохтмони иншооти шаҳри Душанбе
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" аз 14 ноябри соли 2007 № 337 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи молҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодшуда, ки барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар кӯчаи И.Сомонӣ 26/1 ва Маркази тиҷоратӣ дар кӯчаи Айни 48 заруранд ва аз тарафи фармоишгар - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Созидание" ва пудратчии генералӣ - Ширкати"ENKA" (Туркия) дар соли 2008 ворид карда мешаванд, тибки Замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
2. Номгӯи молҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодшуда, ки барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор "Серена - Душанбе" дар хиёбони Рӯдакӣ 14 заруранд ва аз тарафи фармоишгар - Ҷамъияти саҳомии кушода "Туризм Промоушн Сервисез" ва пудратчии генералӣ - Ширкати "Зафэр Таахут Иншаат Ве Тик. А.С." (Туркия) дар соли 2008 ворид карда мешаванд, тибқи Замимаи № 2 тасдиқ карда шавад.
3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва саривақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳоеро, ки барои сохтмони иншооти мазкур ворид мегарданд, таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2008 № 214
ш. Душанбе
аз 2 майи соли 2008 № 214
ш. Душанбе
Замимаи № 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 214
тасдиқ шудааст
Замимаи № 1
...