ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008
(Қонуни ҶТ аз 6.02.2008 № 360, аз 20.02.2008 № 361, аз 07.11.2008 № 446)
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 4476015 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо - 3050000 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
воридоти андозӣ - 2809607 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 172393ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет - 68000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ,
ки якҷоя бо ташкилотҳои молиявии
байналмилалӣ татбиқ мегарданд - 567485 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 400983 ҳазор сомонӣ;
...