Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 107
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025
№ 641)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" (минбаъд Корхона) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 597 таъсис дода шудааст.
2. Корхона фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ, Оинномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ менамояд (№ 641).
3. Номи пурраи фирмавии Корхона: - ба забони тоҷикӣ: Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: Республиканское государственное унитарное предприятие "Таджикагролизинг";
4. Номи кӯтоҳкардашудаи Корхона: - ба забони тоҷикӣ: КВДҶ "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: РГУП "Таджикагролизинг";
5. Маҳали ҷойгиршавии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 44.
II. Мақомоти ҳуқуқии Корхона
6. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад ва дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии Корхона, бланкаи кории худ, штамп ва нишонаи фирмавӣ мебошад.
7. Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дорои корхонаҳои фаръӣ бошад, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ филиалҳои худро таъсис диҳад ва намояндагиҳо кушояд.
8. Корхона ҳуқуқи истифодабарии карзҳои бонкиро дорад.
9. Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз амалҳои мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳои мақоми ваколатдор, ки ба фаъолияти асосии он халал ворид менамояд, ба мақомоти дахлдор шикоят кунад (№ 641).
III. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Корхона
10. Мақсади асосии Корхона мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият ва шахсони воқеӣ бо техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, кору хизматрасонии сервисию техникӣ ва дар асоси тиҷорат ба даст овардани фоида мебошад.
11. Вазифаҳои асосии Корхона аз инҳо иборат мебошанд:
- харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ (трактору комбайн, воситаҳои нақлиёт ва техникаи дигари кишоварзӣ), автомобилҳои боркаш ва мототсиклҳо, экскаваторҳо, таҷҳизоти технологӣ ва инвентар, таҷҳизот барои мошинҳои чорводорӣ, таҷҳизоти зоотехникӣ ва механизатсия (минбаъд - таҷҳизот) ва дар асоси шартномаҳои лизингӣ барои баҳрабардорӣ ва истифодабарӣ додан ба шахсони воқеӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ ва соҳаҳои дигар бо шарти дар муҳлати муайяннамудаи шартномаҳо баргардонидани маблағ (№ 641);
- ташкил намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ва дигар намуди хизматрасониҳои техникие, ки ба муносибатҳои лизингӣ алоқамандӣ доранд (№ 641);
- омӯзиши талаботи бозор ва дар асоси муносибатҳои лизингӣ ташкили савдои комиссионӣ, чакана ва яклухт, инчунин дигар намуди фаъолияти хариду фурӯши техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он;
- ташкили хизматрасониҳои машваратию намояндагӣ ба ташкилотҳои манфиатдори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо, инчунин намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вобаста ба муносибатҳои лизингӣ техникаи кишоварзӣ (№ 641);
- бо мақсади тавсияи фаъолияти лизингӣ тадбирҳои рекламавӣ, машваратӣ ва интишориро таҳия ва татбиқ менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа ворид намудани техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии он барои муносибатҳои лизингӣ шартномаҳо ва созишномаҳо ба имзо мерасонад;
- корҳои омӯзиш, бозомузӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони соҳаи лизингӣ техникаи кишоварзиро ташкил менамояд;
- дар доираи муносибатҳои лизингӣ ба таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ доир ба воридоти техникаи кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд;
- бо ташкилоту корхонаҳои хориҷие, ки ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ) техникаи кишоварзӣ таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии он машғуланд, ҳамкорӣ менамояд (№ 641);
- талаботи соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро ба техникаи кишоварзӣ, таҷхизот ва қисмҳои эҳтиётии он омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар таҳияи барномаҳои байнидавлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба лизингӣ техникаи кишоварзӣ иштирок менамояд;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои Корхона маблағҳои бонкҳо корхонаҳои манфиатдор ва сармояҳои хориҷиро ҷалб менамояд;
- вазъи молиявии хоҷагию корхонаҳои соҳаи кишоварзиро таҳлил намуда, аз корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ риоя намудани шартҳои шартномаҳои лизингиро талаб менамояд;
- ба такмил ва рушди заминаи моддию техникии филиалҳои корхонаҳои худ дар минтақаҳо мусоидат менамояд;
- ҷорӣ намудани шароитҳои пешқадами пардохти музди меҳнат ва мукофотонӣ, истифодаи оқилонаи фонди истеъмолии корхонаро таъмин менамояд;
- дигар намуди фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ менамояд.
12. Корхона мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи мақсад ва намудҳои фаъолияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал барорад.
Ба ин мақсадҳо Корхона метавонад корҳои зеринро амалӣ намояд:
- амалиёти содироту воридотро анҷом диҳад;
- корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳоро бо иштироки сармояи хориҷӣ тибқи тартиби муайянгардида таъсис диҳад;
- ба ташкилотҳо ва ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкории илмию техникӣ ва истеҳсолотиро ба амал барорад;
- дар кори биржаҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ оид ба техникаи кишоварзӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок намояд (№ 641).
IV. Фонди оинномавии Корхона
13. Фонди оинномавии Корхона 8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз буҷети ҷумҳурӣ мувофиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 597 "Оид ба таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" ҷудо карда мешавад.
14. Фонди оинномавии Корхона метавонад сол ба сол аз ҳисоби маблағҳои аз буҷети ҷумҳурӣ пешбинигардида, фаъолияти хоҷагидорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дигар манбаъҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда шавад.
V. Идоракунии Корхона
15. Мақомоти идоракунии давлатии Корхона Роҳбар мебошад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
16. Роҳбари Корхона масъалаҳои зеринро мустақилона ҳал менамояд:
- роҳбарии умумии фаъолияти Корхонаро ба амал бароварда, кори онро ташкил мекунад, ҷиҳати иҷрои корҳо фармоиш содир менамояд (№ 641);
- андозаи маошҳои мансабии роҳбари Корхона, муовинон ва сармуҳосиб, системаи мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳои онҳо, шакли музди меҳнат, ҷадвали аслбастӣ, андозаи маошҳои мансабии кормандонро тибқи тартиби муқарраргардида муайян менамояд;
- сохтору воҳидҳои кори кормандонро муайян ва тасдиқ менамояд;
- самтҳои асосии фаъолияти Корхонаро муайян менамояд ва дар бораи иштирок дар ассотсиатсияҳо ва дигар иттиҳодияву корхонаҳои тиҷоратӣ қарор қабул мекунад;
- нақшаҳои фаъолияти хоҷагидориро муайян менамояд;
- ҳисобот ва мувозинаи муҳосибавии Корхонаро бо тақсимоти фоидаю зарари он тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии Корхонаро тасдиқ менамояд;
- дараҷаи ҷавобгарии сардорони шӯъбаҳои Корхонаро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Корхона вогузоргардида муқаррар менамояд;
- аз номи Корхона бидуни ваколатнома амал менамояд, аз ҷумла аз манфиатҳои он намояндагӣ мекунад ва шартномаҳо мебандад;
- дар бораи ба кор қабул кардан, ба кори дигар гузаронидан, аз кор озод намудани коргарон тибқи тартиби муқараргардида фармоиш мебарорад, инчунин ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои коргаронро ба роҳ мемонад (№ 641);
- ба шартномаҳо ва созишномаҳо имзо мегузорад;
- дигар ваколатҳои барои Корхона муқараргардидаро анҷом медиҳад.
VI. Амвол ва фоидаи Корхона
17. Амволи Корхона аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбад:
- амволе, ки ба ӯ Мақоми идоракунии давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ таҳвил намудааст;
- маҳсулоте, ки Корхона дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ истеҳсол намудааст;
- даромадҳо;
- саҳмгузории амволи ихтиёрӣ, маблағҳои сармоягузорон ва грантӣ;
- амволу маблағҳои дигаре, ки дар натиҷаи фаъолияти Корхона ба вуҷуд омадааст.
18. Амволе, ки Корхона онро дар асоси ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ дорост, моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Амволи мазкур тақсимнашаванда мебошад. Корхона ҳуқуқ надорад моликияти ғайриманқули мазкурро фурӯшад, ба иҷора супорад, ба гарав монад, ҳамчун саҳм ба сармояи оинномавии ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидор гузорад, ё бо тартиби дигар бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасарруф намояд. Амволи дигари худро Корхона мустақилона тасарруф менамояд, ба истиснои ҳолатҳое қонунгузорӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудаанд.
19. Фоидаи Корхона аз ҳисоби даромад аз фаъолияти хоҷагидорӣ баъд аз супоридани ҳамаи андозхо ва пардохтҳои ҳатмӣ, хароҷотҳои истеҳсолӣ, дигар намудҳои пардохтҳои ғайринақшавӣ ва хароҷот ташкил мешавад.
VII. Назорат
20. Назорати фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Корхона тибқи қонунгузории амалкунанда ва тартиби муқараргардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ сурат мегирад.
VIII. Қатъ гардидани фаъолияти Корхона
21. Қатъ гардидани фаъолияти Корхона дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии он рух медиҳад.
22. Азнавташкилдиҳии Корхона метавонад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии Корхона ҳамаи ҳуҷҷатҳо бо тартиби муайяншуда ба вориси ҳуқуқии он дода мешавад.
23. Барҳамдиҳии Корхона тибқи ҳолатҳо ва тартибе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад,
24. Амволи боқимондаи Корхона баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторҳо, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ҷудогона ба ихтиёри Мақоми идоракунии давлатӣ мегузарад.
25. Дар ҳолати барҳамдиҳии Корхона ҳуҷҷатҳое, ки бояд доимо маҳфуз бошанд, хуҷҷатҳои дорои арзиши таърихӣ ва ҳуҷҷатҳо оид ба ҳайати кормандон бо тартиби муқарраргардида барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ супорида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 107
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" (минбаъд Корхона) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 597 таъсис дода шудааст.
2. Корхона фаъолияти худро дар асоси Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом медиҳад.
3. Номи пурраи фирмавии Корхона: - ба забони тоҷикӣ: Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: Республиканское государственное унитарное предприятие "Таджикагролизинг";
4. Номи кӯтоҳкардашудаи Корхона: - ба забони тоҷикӣ: КВДҶ "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: РГУП "Таджикагролизинг";
5. Маҳали ҷойгиршавии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 44.
II. Мақомоти ҳуқуқии Корхона
6. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад ва дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии Корхона, бланкаи кории худ, штамп ва нишонаи фирмавӣ мебошад.
7. Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дорои корхонаҳои фаръӣ бошад, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ филиалҳои худро таъсис диҳад ва намояндагиҳо кушояд.
8. Корхона ҳуқуқи истифодабарии карзҳои бонкиро дорад.
9. Корхона ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳои мақоми ваколатдор, ки ба фаъолияти асосии он вобастагӣ дорад, ба суд даъво кунад.
III. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Корхона
10. Мақсади асосии Корхона мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият ва шахсони воқеӣ бо техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, кору хизматрасонии сервисию техникӣ ва дар асоси тиҷорат ба даст овардани фоида мебошад.
11. Вазифаҳои асосии Корхона аз инҳо иборат мебошанд:
- харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ (трактору комбайн, воситаҳои нақлиётӣ ва дигар мошинаҳои кишоварзӣ) ва дар асоси шартномаҳои лизингӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ барои истифодабарӣ додан бо шарти дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаҳо баргардонидани маблағ;
- ташкил намудани Марказҳои мошинию-технологӣ (ММТ) ва дигар намуди хизматрасониҳои техникие, ки ба муносибатҳои лизингӣ алоқамандӣ доранд;
- омӯзиши талаботи бозор ва дар асоси муносибатҳои лизингӣ ташкили савдои комиссионӣ, чакана ва яклухт, инчунин дигар намуди фаъолияти хариду фурӯши техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он;
- ташкили хизматрасониҳои машваратию намояндагӣ ба ташкилотҳои манфиатдори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо, инчунин намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вобаста ба муносибатҳои лизингӣ техникаи кишоварзӣ;
- бо мақсади тавсияи фаъолияти лизингӣ тадбирҳои рекламавӣ, машваратӣ ва интишориро таҳия ва татбиқ менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа ворид намудани техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии он барои муносибатҳои лизингӣ шартномаҳо ва созишномаҳо ба имзо мерасонад;
- корҳои омӯзиш, бозомузӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони соҳаи лизингӣ техникаи кишоварзиро ташкил менамояд;
- дар доираи муносибатҳои лизингӣ ба таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ доир ба воридоти техникаи кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд;
- бо ташкилоту корхонаҳои хориҷие, ки бо лизингӣ техникаи кишоварзӣ таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии он машғуланд, ҳамкорӣ менамояд;
- талаботи соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро ба техникаи кишоварзӣ, таҷхизот ва қисмҳои эҳтиётии он омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар таҳияи барномаҳои байнидавлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба лизингӣ техникаи кишоварзӣ иштирок менамояд;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои Корхона маблағҳои бонкҳо корхонаҳои манфиатдор ва сармояҳои хориҷиро ҷалб менамояд;
- вазъи молиявии хоҷагию корхонаҳои соҳаи кишоварзиро таҳлил намуда, аз корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ риоя намудани шартҳои шартномаҳои лизингиро талаб менамояд;
- ба такмил ва рушди заминаи моддию техникии филиалҳои корхонаҳои худ дар минтақаҳо мусоидат менамояд;
- ҷорӣ намудани шароитҳои пешқадами пардохти музди меҳнат ва мукофотонӣ, истифодаи оқилонаи фонди истеъмолии корхонаро таъмин менамояд;
- дигар намуди фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ менамояд.
12. Корхона мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи мақсад ва намудҳои фаъолияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал барорад.
Ба ин мақсадҳо Корхона метавонад корҳои зеринро амалӣ намояд:
- амалиёти содироту воридотро анҷом диҳад;
- корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳоро бо иштироки сармояи хориҷӣ тибқи тартиби муайянгардида таъсис диҳад;
- ба ташкилотҳо ва ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкории илмию техникӣ ва истеҳсолотиро ба амал барорад;
- дар кори биржаҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ оид ба техникаи кишоварзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок намояд.
IV. Фонди оинномавии Корхона
13. Фонди оинномавии Корхона 8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз буҷети ҷумҳурӣ мувофиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 597 "Оид ба таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" ҷудо карда мешавад.
14. Фонди оинномавии Корхона метавонад сол ба сол аз ҳисоби маблағҳои аз буҷети ҷумҳурӣ пешбинигардида, фаъолияти хоҷагидорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дигар манбаъҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда шавад.
V. Идоракунии Корхона
15. Мақомоти идоракунии давлатии Корхона Роҳбар мебошад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
16. Роҳбари Корхона масъалаҳои зеринро мустақилона ҳал менамояд:
- роҳбарии умумии фаъолияти Корхонаро ба амал бароварда, кори онро ташкил мекунад, ҷиҳати иҷрои корҳо фармон содир менамояд;
- андозаи маошҳои мансабии роҳбари Корхона, муовинон ва сармуҳосиб, системаи мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳои онҳо, шакли музди меҳнат, ҷадвали аслбастӣ, андозаи маошҳои мансабии кормандонро тибқи тартиби муқарраргардида муайян менамояд;
- сохтору воҳидҳои кори кормандонро муайян ва тасдиқ менамояд;
- самтҳои асосии фаъолияти Корхонаро муайян менамояд ва дар бораи иштирок дар ассотсиатсияҳо ва дигар иттиҳодияву корхонаҳои тиҷоратӣ қарор қабул мекунад;
- нақшаҳои фаъолияти хоҷагидориро муайян менамояд;
- ҳисобот ва мувозинаи муҳосибавии Корхонаро бо тақсимоти фоидаю зарари он тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии Корхонаро тасдиқ менамояд;
- дараҷаи ҷавобгарии сардорони шӯъбаҳои Корхонаро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Корхона вогузоргардида муқаррар менамояд;
- аз номи Корхона бидуни ваколатнома амал менамояд, аз ҷумла аз манфиатҳои он намояндагӣ мекунад ва шартномаҳо мебандад;
- дар бораи ба кор қабул кардан, ба кори дигар гузаронидан, аз кор озод намудани коргарон тибқи тартиби муқараргардида фармон мебарорад, инчунин ҳавасмандгардонӣ ва ҷазои коргаронро ба роҳ мемонад;