Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2025, № 641 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №107"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №107


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 107 «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

1)банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Корхона фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ, Оинномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ менамояд.»;

2)банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«9. Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз амалҳои мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳои мақоми ваколатдор, ки ба фаъолияти асосии он халал ворид менамояд, ба мақомоти дахлдор шикоят кунад.»;

3) Дар банди 11:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

«- харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ (трактору комбайн, воситаҳои нақлиёт ва техникаи дигари кишоварзӣ), автомобилҳои боркаш ва мототсиклҳо, экскаваторҳо, таҷҳизоти технологӣ ва инвентар, таҷҳизот барои мошинҳои чорводорӣ, таҷҳизоти зоотехникӣ ва механизатсия (минбаъд - таҷҳизот) ва дар асоси шартномаҳои лизингӣ барои баҳрабардорӣ ва истифодабарӣ додан ба шахсони воқеӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ ва соҳаҳои дигар бо шарти дар муҳлати муайяннамудаи шартномаҳо баргардонидани маблағ;»;

-.дар сархати дуюм калимаҳои «Марказҳои мошинию - технологӣ (ММТ)» ба калимаҳои «Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ)» иваз карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;

- дар сархати нуҳум калимаҳои «бо лизингӣ» ба калимаҳои «ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ)» иваз карда шаванд;

4) дар сархати чоруми банди 12 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;

5) дар сархатҳои якум ва даҳуми банди 16 калимаи «фармон» ба калимаи «фармоиш» иваз карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 641



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 марта 2008 года, №107

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в Устав Республиканского государственного унитарного предприятия «Таджикагролизинг», утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 марта 2008 года, №107 «Об утверждении Устава Республиканского государственного унитарного предприятия «Таджикагролизинг», следующие изменения:

1) пункт 2 изложить в следующей редакции:

«2. Предприятие осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Гражданским кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан «О государственных предприятиях», международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, распоряжениями и постановлениями коллегии Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан, настоящим Уставом и другими нормативными правовыми актами.»;

2) пункт 9 изложить в следующей редакции:

«9. Предприятие может в порядке, установленном законами Республики Таджикистан, подать жалобу в соответствующие органы на действия государственных органов, в том числе на действия уполномоченного органа, препятствующего его основной деятельности.»;

1)в пункте 11:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

«- закупка сельскохозяйственной техники (тракторов и комбайнов, транспортных средств и другой сельскохозяйственной техники), грузовых автомобилей и мотоциклов, экскаваторов, технологического оборудования и инвентаря, оборудования для животноводства, зоотехнического оборудования и средств механизации (далее - оборудование) и передача их на основе договоров финансовой аренды (лизинга) для эксплуатации и использования физическим лицам, дехканским (фермерским) хозяйствам, предприятиям и организациям сельскохозяйственной и других отраслей с условием возврата средств в установленные договорами сроки;»;

- во втором абзаце слова «Машинно-технологических станций (МТС)» заменить словами «Центров технического обслуживания (ЦТО)»;

- в девятом абзаце слово «лизингом» заменить словами «финансовой аренде (лизинге)»;

4) в абзацах первом и десятом пункта 16 слово «приказы» заменить словом «распоряжения».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 22 ноября 2025 года №641