Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 107
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 107
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025
№ 641)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" (минбаъд Корхона) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 597 таъсис дода шудааст.
2. Корхона фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ, Оинномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ менамояд (№ 641).
3. Номи пурраи фирмавии Корхона: - ба забони тоҷикӣ: Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: Республиканское государственное унитарное предприятие "Таджикагролизинг";
4. Номи кӯтоҳкардашудаи Корхона: - ба забони тоҷикӣ: КВДҶ "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: РГУП "Таджикагролизинг";
5. Маҳали ҷойгиршавии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 44.
II. Мақомоти ҳуқуқии Корхона
6. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад ва дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии Корхона, бланкаи кории худ, штамп ва нишонаи фирмавӣ мебошад.
...