ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод.139; с.2016, №3, мод.153, №11, мод.891)
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1300, аз 14.11.2016 № 1375, аз 22.04.2019 № 1580, аз 13.11.2024 № 2111)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои лизинг равона гардидааст (№ 2111).
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти лизингӣ ва лизинги молу мулке, ки ба ашёи ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ пешбинӣ гардидааст, паҳн мегардад (№ 2111).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- лизинг - маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;
...