×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда"

Санаи амалкуни: 02.11.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 08.09.2025 №476 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 324, аз 8.05.2009 № 286, аз 25.01.2010 № 15, аз 13.02.2010 № 63, аз 30.12.2010 № 711, аз 29.01.2011 № 24, аз 07.10.2011 № 500, аз 17.09.2012 № 498, аз 02.11.2012 № 633, аз 30.05.2014 № 336, аз 1.12.2014 № 751, аз 2.02.2015 № 606, аз 26.12.2015 № 763, аз 30.04.2016 № 204, аз 1.10.2016 № 415, аз 8.08.2018 № 407, аз 28.11.2018 № 573, аз 1.03.2019 № 108, аз 31.07.2019 № 385, аз 27.05.2020 № 305, аз 31.07.2023 № 330, аз 30.12.2023 № 604, аз 26.12.2024 № 675, аз 26.02.2025 № 96)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2008 № 324, аз 8.05.2009 № 286, аз 25.01.2010 № 15, аз 13.02.2010 № 63, аз 30.12.2010 № 711, аз 29.01.2011 № 24, аз 07.10.2011 № 500, аз 17.09.2012 № 498, аз 02.11.2012 № 633, аз 30.05.2014 № 336, аз 1.12.2014 № 751, аз 2.02.2015 № 606, аз 26.12.2015 № 763, аз 30.04.2016 № 204, аз 1.10.2016 № 415, аз 8.08.2018 № 407, аз 28.11.2018 № 573, аз 1.03.2019 № 108, аз 31.07.2019 № 385, аз 27.05.2020 № 305, аз 31.07.2023 № 330, аз 30.12.2023 № 604, аз 26.12.2024 № 675, аз 26.02.2025 № 96)

Мутобиқи моддаҳои 9, 12, 15, 19, 20, 22, 25, 29, 33, 37, 39, 43, 45, 53, 59, 62, 67, 71, 75, 78 ва 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда мутобиқи замимаҳои 1-19 тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.12.2014 № 751).

2. Меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда, ки бо асъори миллӣ муқаррар карда мешаванд, барои соли оянда ба меъёрҳои амалкунандаи соли ҷорӣ аз ҳисоби 0,7 пункти фоизӣ ба ҳар пункти фоизии амалан бавуҷудомадаи сатҳи таварруми тибқи нишондиҳандаҳои омории соли ҷорӣ муайяншаванда индексатсия карда мешаванд (ба истиснои гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), ки дар зербанди 1.2 замимаи 13 қарори мазкур нишон дода шуда аст) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.09.2012 № 498).

3. Пардохти хироҷҳо ва пардохтҳои тибқи қарори мазкур муқарраргардида тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 675).

4. Ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зерин ворид карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 675):

- боби XIV Оинномаи Консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1998 № 275 "Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи Консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, хориҷ карда шавад;

- дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 779 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд":

- дар банди 5 калимаҳои "ҳисоби махсуси ин мақомот" ба калимаҳои "буҷети ҷумҳуриявӣ" иваз карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.07.2008г.№324, от 8.05.2009г.№286, от 14.01.2010г.№6, от 25.01.2010г.№15, от 13.02.2010г.№63, от 30.12.2010г.№711, от 29.01.2011г.№24, от 07.10.2011г.№500,от 17.09.2012г.№498, от 02.11.2012г.№633, от 30.05.2014г. № 336, от 01.12.2014г.№751, от 02.10.2015.№606, от 26.12.2015г.№763, от 30.04.2016г.№204, от 01.10.2016г.№415, от 08.08.2018г.№407, от 30.11.2018г.№573, от 01.03.2019г.№108, от 31.07.2019г.№385, от 27.05.2020г.№305, от 31.07.2023 №330, от 30.12.2023 №604, от 26.12.2024 №675, от 26.02.2025 №96)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.07.2008г.№324, от 8.05.2009г.№286, от 14.01.2010г.№6, от 25.01.2010г.№15, от 13.02.2010г.№63, от 30.12.2010г.№711, от 29.01.2011г.№24, от 07.10.2011г.№500,от 17.09.2012г.№498, от 02.11.2012г.№633, от 30.05.2014г. № 336, от 01.12.2014г.№751, от 02.10.2015.№606, от 26.12.2015г.№763, от 30.04.2016г.№204, от 01.10.2016г.№415, от 08.08.2018г.№407, от 30.11.2018г.№573, от 01.03.2019г.№108, от 31.07.2019г.№385, от 27.05.2020г.№305, от 31.07.2023 №330, от 30.12.2023 №604, от 26.12.2024 №675, от 26.02.2025 №96)

В соответствии со статями 9, 12, 15, 19, 20, 22, 25, 29, 33, 37, 39, 43, 45, 53, 59, 62, 63(3), 67, 71, 75, 78 и 81 Закона Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить ставки сборов за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами согласно приложений 1-19 (в редакции постановления Правительства РТ от 01.12.2007г.№751 ).

2. Ставки сборов за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами, устанавливаемые в национальной валюте, на предстоящий год индексируются к ставкам, действующим в текущем году, из расчета 0,7 процентных пункта на каждый процентный пункт фактически сложившегося уровня инфляции текущего года, определяемого статистическими данными (за исключением памирского горного барана приведенного в подпункте 1.2 приложения 13 данного постановления) (в редакции постановления Правительства РТ от 17.09.2012г.№498).

3. Оплата сбора и плат, установленных в соответствии с настоящим постановлением, осуществляется в безналичной форме (в редакции пост. Правительства РТ от 26.12.2024 №675).

4. Внести следующие изменения в постановления Правительства Республики Таджикистан(в редакции пост. Правительства РТ от 26.12.2024 №675):

- исключить главу XIV Консульского Устава Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июля 1998 года № 275 "Об утверждении Консульского Устава Республики Таджикистан";

в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2006 года №779 "Об утверждении Правила пропуска по автомобильным дорогам транспортных средств с нагрузками и габаритами, превышающими установленные нормы":

- в пункте 5 слова "в специальный счёт этой организации" заменить словами "в республиканский бюджет"; пункт 13 изложить в следующей редакции:

"13. Средства, уплаченные за превышение общей фактической массы, за превышение общей фактической осевой нагрузки, за превышение габаритов транспортных средств над допускаемой нормой поступают в республиканский бюджет".

5. Признать утратившими силу (в редакции пост. Правительства РТ от 26.12.2024 №675):

...