Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2010 № 6 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Муқаррароти умумии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 565 "Дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 11 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи паҳлӯӣ ва қафо бидуни доштани иҷозат, ки бо Тартиби додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ (замима мегардад), пешбинӣ гардидааст;";

- эзоҳи зербанди 7.3 банди 7 Номгӯи вайрониҳо ва шароите, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ аст, замима ба Муқаррароти умумии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Дар қисми болоии шишаи пуштрӯи автомобилҳо ва автобусҳо (на зиёда аз 200 мм аз қисми болоии шиша) часпонидани маводҳои ранга ва дар шишаи ақиби автомобилҳо часпондани маводҳои шаффоф мумкин аст. Истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ойинагӣ, пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаи нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд ва ба талаботи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, манъ аст. Истифодаи пардачаҳо дар шишаҳои паҳлӯии автобусҳо (ба ғайр аз шишаҳои паҳлӯии ҷои нишасти ронанда), чиғпарда (жалюзи), пардачаҳо ва пардаҳои шаффоф дар шишаҳои ақиби автомобилҳои сабукрав дар сурати аз ҳарду тараф мавҷуд будани оинаи ақибнамои берунӣ мумкин аст".

2) Ба қарори Ҳукумати.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар муқаддима пас аз рақами "62" рақами "63(3)" илова карда шавад;

- замимаи 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Замимаи 18

ба қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007 № 546

"Замимаи 18

ба қарори Ҳукумати

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В Основное положение по допуску транспортных средств к эксплуатации и обязанностям должностных лиц по обеспечению безопасности дорожного движения, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 декабря 1997 года N 565 "Об утверждении Правил дорожного движения Республики Таджикистан" внесли следующие изменения и дополнения:

- пункт 11 дополнить вторым абзацем следующего содержания:

"транспортные средства с тонированными боковыми и задними стёклами, без разрешения, предусмотренное Порядком выдачи разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стёклами в дорожном движении (прилагается);";

- примечание к подпункту 7.3. пункта 7 Перечня неисправностей и условий, при которых запрещается эксплуатация транспортных средств, приложение к Основному положению по допуску транспортных средств к эксплуатации и обязанностям должностных лиц по обеспечению безопасности дорожного движения изложить в следующей редакции:

"Примечание: На верхней части ветрового стекла автомобилей и автобусов (не более 200 мм от верхнего края стекла) могут прикрепляться прозрачные цветные пленки и на заднем ветровом стекле автомобилей прозрачные пленки. Эксплуатация транспортных средств с тонированными и зеркальными стеклами, сплошными боковыми и задними занавесками не предусмотренными в конструкции транспортного средства заводом изготовителем и не соответствующие требованиям государственных стандартов Республики Таджикистан запрещается. Разрешается применение шторок на боковых стеклах автобусов (кроме боковых стекол кабины водителя), прозрачных жалюзей, шторок и штор на задних стеклах легковых автомобилей при наличии с обеих сторон наружных зеркал заднего вида".

2) В постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года №546 "Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами" внести следующие изменения и дополнения:

- в введении после цифры "62" дополнить цифрой "63(3)";

- дополнить приложением 18 следующего содержания:

Приложение 18

 к постановлению Правительства

Республики Таджикистан 

от 2 ноября 2007 года №546

Приложение 18

 к постановлению Правительства

...