Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010 № 15 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 № 546"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 № 546

Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Замимаи 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Меъёрҳои хироҷи консулӣ

Эзоҳ: Барои сабти (хориҷ намудани) кӯдакони то 16-сола дар (аз) шиносномаҳои падару модарашон ё намояндагони қонуниашон, инчунин додани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида намешавад, агар тибқи Тарифҳои алоҳидаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Эзоҳ:

- барои додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ноболиғи то 16 - сола хироҷи консулӣ ба малағи 10 доллари ШМА, новобаста ба мӯҳлат ва каратнокии раводид ситонида мешавад;

- барои гузоштани каратнокии иловагӣ ба раводид хироҷи консулӣ ба миқдори 10 доллари ШМА зиёд мегардад;

- барои додани раводиди бисёркарата хироҷи консули ба миқдори 40 доллари ШМА зиёд мегардад;

- дар ҳолати кам кардани мӯҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани раводид, раводиди хуруҷиро метавонад бе ситонидани хироҷи консулӣ диҳад.

Эзоҳ: Дар ҳолати пайдо накардани ҳуҷҷати дархостшуда ё маълумот

ар бораи он, пардохт ба муроҷиаткунанда баргардонида намешавад.

Эзоҳ: Дар ҳолати қонеъ нагардидани дархост хироҷ бо муроҷиаткунанда баргардонида намешавад.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года №546

В соответствии со статей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Приложение 6 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года № 546 "Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами" изложить в следующей редакции:

"Ставки консульских сборов

Примечание: За вписание (исключение) детей до 16 лет в (из) паспорта их родителей и законных представителей, а также за выдачу Свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан, консульские сборы не взимаются, если иное не предусмотрено отдельными Тарифами дипломатических представительств и консульских учреждений Республики Таджикистан за рубежом, утверждаемые Министром иностранных дел и Министром финансов Республики Таджикистан.

Примечание:

- за выдачу визы несовершеннолетним иностранным гражданам и лицам без гражданства до 16 лет, консульский сбор взимается в размере 10 долларов США, не зависимо от срока действия визы и ее кратности;

- за проставление дополнительной кратности в визе, ставка консульского сбора увеличивается на 10 долларов США;

- за выдачу многократной визы, ставка консульского сбора увеличивается на 40 долларов США;

- в случае сокращения срока пребывания иностранного гражданина или лица без гражданства со стороны уполномоченного государственного органа по выдаче виз, выездная визы может быть выдана без взимания консульского сбора.

Примечание: Сбор заявителю не возвращается, если этот документ или сведения о нем не обнаружены.

Примечание: В случае не удовлетворения ходатайства, сбор заявителю не возвращается.

Примечание:

...