Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 2007 "Дар бораи барҳам додани Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" ва таъсис додани Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

Санаи амалкуни: 07.02.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" ва таъсис додани Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.02.2008 № 58)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.02.2008 № 58)

Дар асоси моддаи 242 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади истихроҷи самараноки конҳои канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" барҳам дода шавад.

2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи барҳамдиҳии Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" тасдиқ карда шавад.

3. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар мӯҳлати се моҳ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти барҳамдиҳиро гузаронад ва аз натиҷаи фаъолияташ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

4. Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (минбаъд - КМКДҶ "Тиллои Тоҷик") таъсис дода шавад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи баланси барҳамдиҳӣ амволи Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз"-и барҳамдодашударо ба тавозуни КМКДҶ "Тиллои Тоҷик" гузаронанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи КМКДҶ "Тиллои Тоҷик"-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

6. Нигоҳдорӣ ва маблағгузории КМКДҶ "Тиллои Тоҷик" аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад.

7. Дар сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМКДҶ "Тиллом Тоҷик" таьсис дода шавад.

8. Аз номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 тасдиқ карда шудааст, сархати "Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Британия "Дарвоз" хориҷ карда шавад.

9. Ба номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ликвидации Совместного Таджикско-Британского предприятия "Дарвоз" и создании Государственного казённого республиканского предприятия "Тиллои Точик"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 7.02.2008г. №58)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 7.02.2008г. №58)

В соответствии со статьей 242 Гражданского Кодекса Республики Таджикистан и с целью эффективной разработки месторождений полезных ископаемых Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Ликвидировать Совместное Таджикско-Британское предприятие "Дарвоз".

2. Утвердить прилагаемый состав Ликвидационной комиссии Совместного Таджикско-Британского предприятия "Дарвоз".

3. Ликвидационной комиссии в трехмесячный срок в установленном законом порядке Республики Таджикистан провести процедуру ликвидации и о результатах своей деятельности представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.

4. Создать Государственное казённое республиканское предприятие "Тиллои Точик" (далее - ГКРП "Тиллои Точик"), Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан согласно ликвидационного баланса передать имущество ликвидированного Совместного Таджикско-Британского предприятия "Дарвоз" на баланс ГКРП "Тиллои Точик".

5. Министерству финансов Республики Таджикистан разработать устав ГКРП "Тиллои Точик" и представить в Правительство Республики Таджикистан.

6. Содержание и финансирование ГКРП "Тиллои Точик" осуществлять за счет республиканского бюджета.

7. исключен (в редакции Постановления Правительства РТ от 07.02. 2008г. №58 )

8. Из перечня предприятий и учреждений системы Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года№605 исключить абзац "Совместного Таджикско-Британского предприятия "Дарвоз".

9. Перечень организаций и учреждений системы Министерства финансов Республики Таджикистан, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №588 дополнить абзацем следующего содержания:

...