Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 212 "Дар бораи убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ"

Санаи амалкуни: 02.11.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527, аз 02.11.2013 № 513)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527, аз 02.11.2013 № 513)

Бо мақсади таъмини иҷрои конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии тасвибшуда оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, самаранок истифодабарии шоҳроҳҳои автомобилгард ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи бозори дохилии хизматрасонии нақлиётӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи хатсайрҳои убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Замимаи 1).

2. Дар минтақаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути онҳо убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ муайян шудааст, терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ таъсис дода шаванд (Замимаи 2).

3. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ассотсиатсияи миллии кафолатдиҳандаи ҳамлу нақли байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ("АВВАТ") дар мӯҳлати се моҳ Низомномаи терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ ва Харитаҳои технологӣ оид ба муайян намудани самтҳои ҳаракати транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4.Сохтмон ва ташкили фаъолияти терминалҳои наздисарҳадии байналмилалӣ ва фосилавии автомобилӣ тибқи тартиби муқарраргардида тариқи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

5. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мӯҳлати ду моҳ масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои заминро мувофиқи замимаи 2 бо мақсади бунёд ва ташкили фаъолияти терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳал намоянд.

6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бобати таҷдиди шоҳроҳҳои автомобилгарди транзитии ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида оид ба қарори мазкур тарафҳои дахлдорро хабар диҳад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О транзитном проезде международных автотранспортных средств по территории Республики Таджикистан и создании приграничных международных автомобильных терминалов

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.10.2010г.№527, от 02.11.2013г.№513)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.10.2010г.№527, от 02.11.2013г.№513)

В целях реализации ратифицированных международных конвенций и соглашений в области международных автомобильных перевозок, рационального использования автомобильных магистралей, выхода Республики Таджикистан из коммуникационного тупика и защиты внутреннего рынка транспортных услуг, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Перечень маршрутов транзитного проезда международных автотранспортных средств по территории Республики Таджикистан (Приложения 1).

2. Создать в приграничных регионах, по которым предусмотрен транзитный проезд международных автотранспортных средств, приграничные международные автомобильные терминалы (Приложения 2).

3. Министерству транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан совместно с Национальной гарантийной ассоциацией международных автомобильных перевозок Республики Таджикистан ("АВВАТ") в трёхмесячный срок разработать Положение о приграничных терминалах и Технологические карты по определению маршрутов транзитного проезда международных автотранспортных средств по территории Республики Таджикистан и согласовав с соответствующими министерствами и ведомствами представить для утверждения в Правительство Республики Таджикистан.

4. Создание и организацию деятельности приграничных международных автомобильных и промежуточных автомобильных терминалов осуществляется в установленном порядке путем привлечения иностранных и отечественных инвестиций (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.10.2010г.№№527

5. Агентству по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан совместно с местными исполнительными органами государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов и районов республиканского подчинения в двухмесячный срок решить вопрос выделения земельных участков для создания и организации деятельности , приграничных международных автомобильных терминалов в соответствии с действующими нормативно-правовыми актами согласно приложения 2.

6. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан и Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан содействовать в привлечении иностранных и отечественных инвестиций по реализации инвестиционных проектов реабилитации транзитных магистральных автомобильных дорог республики.

7. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать соответствующие стороны о настоящем постановлении.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Э.Рахмонов

Председатель

...