Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 170 "Дар бораи тасдиқи шакли Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо ва тартиби нигоҳдории санадҳои санҷишии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2016 № 332 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи шакли Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо ва тартиби нигоҳдории санадҳои санҷишии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тасдиқ карда шавад:

- Шакли Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаи 1);

- Қоидаҳои пешбурди Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаи 2);

- Қоидаҳои нигоҳдории қарорҳо оид ба гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳо нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаи 3).

2. Мақомоти давлатие, ки ҳуқуқи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишро, инчунин ташкили нигоҳдории қарорҳо ва санадҳои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи банди 1 қарори мазкур тартиб дода, ба роҳ монанд.

3. Муайян карда шавад, ки барои риоя накардани банди 1 қарори мазкур масъулият ба зиммаи роҳбарияти мақомоти давлатие, ки ҳуқуқи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доро мебошанд, гузошта мешавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 170

ш. Душанбе

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ  от 27 июля 2016 года, № 332

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении формы Книги регистрации решений и актов проверок и порядка хранения актов проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан

В соответствии со статьей 23 Закона Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить:

- Форму Книги регистрации решений о проведении проверок, актов проверок и решений по результатам проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан (приложение 1);

- Правила ведения Книги регистрации решений о проведении проверок, актов проверок и решений по результатам проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан (приложение 2);

- Правила хранения решений о проведении проверок, актов проверок и решений по результатам проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан (приложение.3).

2. Государственным органам, имеющим право проверки деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан организовать и вести Книгу регистрации решений и актов проверок, а также организовать хранения решений и актов проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан по форме и в порядке, установленном пунктом 1 настоящего Постановления.

3. Установить, что ответственность за несоблюдение пункта 1 настоящего постановления возлагается на руководство государственных органов, имеющих право проверки деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Э.Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Э.Рахмонов

от 3 апреля 2007 года № I70

г. Душанбе

...